Акмал Қаландаров
Акмал Қаландаров (Акмал Қаландар) — журналист, нависанда (ӯзбекзабон ва қирғиззабон), Аълочии матбуоти Тоҷикистон, ходими илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Акмал Обидович Қаландаров | |
Таърихи таваллуд | 1 сентябр 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Қазноқи ноҳияи Пролетар |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ходими илмии осорхонаи ба номи академик бобоҷон ғафуров,журналист |
Маъруф ба | Акмал Қаланд |
Зиндагинома
вироишАкмал Обидович Қаландаров, 1 сентябри 1959 дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Пролетари вилояти Суғд таваллуд шудааст. Муаллим, аъзои Иттифоқи Журналистони СССР, корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муҳаррири рӯзномаи «ЁдНома». Дар солҳои 1982-1993 дар рӯзномаи «Пролетар тонги» мухбир, фелетонист, котиби масъул, дар солҳои 1993-2002 дар рӯзномаи «Ленинобод ҳақиқати» вазифаҳои котиби масъул, муовини сармуҳаррир, сармуҳарририро ба ўҳда дошт. Аз соли 2005 ба ҳайси корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор мекунад. Акмал Қаландар муаллифи китобҳои «Жонгинам» ( 1995, Хуҷанд), «Ради жизни на земле» (1995, Хуҷанд), «Незнакомка» (1999, Хуҷанд), «Падарнома» (2000, Хуҷанд), «Ҷони ширин» (2001, Хуҷанд), «Варақҳои тилогини «Тоҷикон» (2009, Ғафуров, бо ҳаммуаллифии бо Ҳ.Холҷӯраев), «Хайёмнома» (2010, Хуҷанд), «Аз даргоҳи муқаддас» (2013, Ғафуров), «Умр мазмуни» (2013, Ғафуров), «Фарғона – водии дӯстӣ» (2015, Ғафуров, ҳаммуаллиф), «Сен шундай гўзалсан» (2016, Хуҷанд), ҳаммуаллифи тарҷумаи китоби «Табуддулоти Тоҷикистон»-и Сафаралӣ Кенҷаев ба забони ўзбекӣ (1995, нашриёти «Ӯзбекистон», Тошкент). Бо ташаббуси Акмал Қаландар моҳи майи соли 2015 дар назди Осорхона нашрияи «ЁдНома» ташкил карда шудааст.
Осори илмӣ
вироишАкмал Қаландаров муаллифи беш аз 10 китобҳо ва шумораи зиёди мақолаҳои илмӣ – оммавӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ мебошад.
- ӯзбекӣ: Исписор: муқаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;
- ӯзбекӣ: Ҳ.Холжӯраев, Акмал Қаландаров. Қабрдан мактуб. Тошдан нидо. Ёднома.- Ғафуров, 2012. – 320 с.;
- ӯзбекӣ: Ҳ.Холжӯраев, Акмал Қаландаров. Меҳр булоғи. – Ғафуров, 2012. – 196 с.;
- Акмал Қаландаров. Саҳифаҳои заррини таърих. Маҷмӯаи шеърҳо ба забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ бахшида ба академик Б. Ғафуров. – Ғафуров, 2015. – 127 с. ва диг.
Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
вироишДар ш.Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амал карда истодааст. Дар назди осорхона Маркази илмии "Ғафуровшиносӣ" ("Гафуроведение") амал карда истодааст, ки доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таъриху кишваршиносӣ тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ якчанд китобу рисолаҳои илмӣ ва китобҳои илмиву оммавиро ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр намудааст, ки дар таълифоти он Акмал Қаландаров низ ҳиссаи хешро гузоштааст.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. – 956 с.;
- Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016;
- ӯзбекӣ: Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;
- ӯзбекӣ: Х.Холжӯраев, А. Қаландар. Меҳр булоғи. – Ғафуров, 2012. – 196 с.