Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров

Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров — дар ш. Ғафуров, вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Осорхона дар асоси стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида соли 1998 дар арафаи 90-солагии бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров кушода шудааст. Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Ғафуров, вилояти Суғд ҷойгир аст.[1]

Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров
Бобоҷон Ғафуров ва шогирдашон профессор Ҳабибулло Холҷӯраев (акс,с.1975)

Таърихи бунёди осорхонаВироиш

Лоиҳаи аввалини бунёди осорхона соли 1986 бо ташаббуси Комитети ҲК ноҳияи Ленинобод ба миён омада буд. Соли 1989 аввалин «Хона - музеи академик Бобоҷон Ғафуров» бо кор оғоз намуд. Аксҳо - мавод ва ҳуҷҷатҳои бойгониро барои осорхона профессор Ҳабибулло Холҷӯраев (сарвари гурӯҳ), А. Азимов, Г. Мусобеков гирд оварда буданд. Баъд аз боздории сохтумон (1988 – 1996) осорхона аз нав соли 1998 бунёд гардид.[1]

Ороиши осорхонаВироиш

Консепсияи бунёди осорхона аз ҷониби академик Нӯъмон Неъматов, профессорон Ҳабибулло Холҷӯраев, Сайдулло Абдуллоев, дотсентон Ӯктам Ҷӯраев и А. Қодиров эҷод шуда буд. Экспонатҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров дар се толор ҷойгир шудаанд:

  • Толори 1 – Толори асосӣ дар бораи таърихи навишта шудани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» бахшида шудааст.
  • Толори 2 - Ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.
  • Толори 3 – Ба «Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар инкишофи илми таърих ва шарқшиносӣ» бахшида шудааст. Дар охири толор экспонатҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ доир инкишофи муосири Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.[2].

Фаъолияти осорхонаВироиш

Аз нахустин рӯзҳои фаъолияти осорхона, вай ба маркази маърифат ва боргоҳи илми таъриху кишваршиносии кишвар табдил ёфтааст. Дар фаъолияти осорхона шаклҳои гуногуни кори оммавӣ-тарғиботӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки барои меҳмонон, сокинони вилоят, ҷавонон ва кӯдакон нигаронида шудаанд. Дар назди осорхона бо ташаббуси аввалин сарвари осорхона профессор Ҳабибулло Холҷӯраев Маркази илмии олимони соҳаи таърих «Ғафуровшиносӣ» («Гафуроведение») таъсис ёфта буд, натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии он оид ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва таърихи шахсиятҳои маъруфи ноҳияи Ғафуров ва вилояти Суғд таълифу нашр шудаанд (нигаред ба номгӯи адабиёт). Кормандони осорхона инчунин, дар омодаву таълифи асарҳои бадеӣ саҳми хешро гузошта истодаанд. Аз ҷониби онҳо якчанд қомусу асарҳои бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидаанд. Аз соли 2015 нашрияи даврии осорхона рӯзномаи «Ёднома» таълиф гардида ба сокинони ноҳия барои мутолиа тақсим карда мешавад.

Кормандони осорхона мунтазам доир ба истиқболи ҷашнҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои оммавӣ-тарбиявӣ, намоишномаҳои нав ба нави экспонатҳои осорхонаро омода месозанд. Ба душвориҳои таъминоти молиявӣ (осорхона зертобеи ноҳияи Ғафуров аст ва маблағгузорӣ аз буҷаи ноҳия мебошад) нигоҳ накарда, сарвари осорхона, профессор Ҳабибулло Холҷӯраев аз хазинаи молиявии шахсиаш барои барои ободу рушди он мунтазам маблағгузорӣ менамояд. Дар зарфи фаъолияти хеш дар назди осорхона: Осорхона-комплекси профессор Ҳ. Холҷӯраев (иборат аз китобхона, толорҳои «Таърихи Тоҷикистон», «Шахсиятҳои барҷастаи вилояти Суғд», «Олимони вилоят», «Табибони вилоят», «Қаҳрамонони ҶБВ (1941-1945) аз вилояти Суғд», «Осорхонаи табиат», «Гӯшаи осорхонаи академик Б. Ғафуров дар саҳни ҳавлӣ» ва диг. барои шаҳрвандон ва меҳмонон омода карда шудаанд. Маркази илмии «Ғафуровшиносӣ» («Гафуроведение») доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таъриху кишваршиносӣ тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ якчанд китобу рисолаҳои илмӣ ва китобҳои илмиву оммавиро ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр намудааст, ки дар таълифоти рисолаву китобҳо таҳти роҳбарии илмии доктори илмҳои таърих Ҳабибулло Холҷӯраев инчунин, ходимони илмии осорхона Раъно Иркаева, Шариф Нуриддинов, Акмал Қаландаров, Ўктам Эргаш, Мавлуда Муродова ҳиссаи хешро гузоштаанд.

Сарварони осорхонаВироиш

Намунаи осорВироиш

  • Гафуроведы и гафуроведение. — Душанбе: «Ирфон», 2010, - 276 с.;
  • 45 – солагии Ҷамоати Ғозиён. — Хуҷанд, 2010. - 138 с.;
  • Синфдошлар. — Ғафуров, 2010. - 184 с.;
  • Гулчилар оиласи. — Хужанд, 2011. – 48 с.;
  • Х.Холджураев, М. Сохибназаров, Б.Шарипова. Жизнь учёного в науке. — Худжанд, 2011. – 100 с.;
  • Рахимберди Рӯзиев. Бизнинг шажара (булар менинг авлодим). — Ғафуров, 2011. – 78 с.;*
  • Ҳ. Холҷӯраев, Б. А. Аҳмадзода. Энциклопедияи тиббӣ вилояти Суғд. Бо таҳрири профессор Д.Р. Сангинов. – Хуҷанд, 2011. – 1449 с. (подготовлено рукопись к изданию);
  • Ҳ. Холҷӯраев, М. Соҳибназаров. Тилло: Корхонаи аввалин, Қудрати давлат, Боигарии миллат… — Хуҷанд, 2011. – 60 с.;
  • Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. — Хужанд, 2011. – 224 с.;
  • Х.Холжӯраев, Ш. Нуриддин. Исписор: муқаддас замин, улуғлар даргоҳи. — Хужанд, 2011.- 48 с.;
  • Х.Холжӯраев, А. Қаландар. Қабрдан мактуб. Тошдан нидо. Ёднома. — Ғафуров, 2012. – 320 с.;
  • Х.Холджураев, Г.Зоиров. Академик Б.Г.Гафуров в памяти народа. — Худжанд, 2012. – 196 с.;
  • Х.Холжӯраев, А. Қаландар. Меҳр булоғи. — Ғафуров, 2012. – 196 с.;
  • Таджикистан: миллиарды под ноғами (золото, цветные металлы и металлургия). Материалы. Кн.1. -Худжанд, 2012.- 585 с.;
  • Таджикистан: миллиарды под ноғами (золото, цветные металлы и металлургия). Материалы. Кн. 2.— Худжанд,2012.-480 с.;
  • Х.Холджураев, М. Жӯрахон. Ижодимиздан Исписор: III китоб. — Ғафуров, 2012. – 449 с.;
  • Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. – 956 с. ва диг.[3]


Адабиёт дар бораи осорхонаВироиш

  • Гафуроведы и гафуроведение. — Душанбе: «Ирфон», 2010, - 276 с.
  • Саъдиев Ш.С., Шарифзода Ф. История создания и деятельности республиканского музея академика Б. Гафурова//Паёмномаи фарҳанг, 2015, № 4, с. 215-220
  • Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Республиканский музей академика Б.Г. Гафурова
  2. Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров — макони дӯстдоштаи сайёҳони ҷаҳон(рус.). tiroz.org. 24 октябри 2021 санҷида шуд.
  3. Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016