Акропол
Акропол (Akropolis; аз юнонӣ akros – боло ва polis – шаҳр) — ӯрда ва ҳисори шаҳр дар Юнони Қадим. Акропол аввал ҷойи истиқомати одамон буд. Баъд дар атрофи он шаҳристони калоне бунёд гардид. Акропол ҳамчун қалъа ва истеҳкоми муҳофизатӣ хидмат мекард. Ҳангоми ҷанг аҳолӣ дар Акропол паноҳ меёфт. Акропол ибодатгоҳ ва ҷойи парастиш низ ҳисоб мешуд. Дар он ҷо муҷассамаҳои худоён ва қаҳрамонони асотирӣ воқеъ буданд. Аз харобаҳои акрополи шаҳрҳои Микен, Афина, Аргос нишонаҳои тамаддуни гузашта бисёр ёфт шудаанд. Акрополи Афина (асри 5 то м.) зеботарини онҳо буд. Бозёфтҳои санъати меъморӣ ва муҷассамаҳои он ҷолиби диққат буда, қисми зиёди онҳо дар музейи Британия маҳфузанд. Ҳоло акрополи Афина музейи бастошиносист.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.