Аксбардории кайҳонӣ

Аксбардории кайҳонӣ — аксбардории Замин ё дигар ҷирми осмонӣ аз аппарати париши кайҳонӣ, аксбардорӣ дар фосилаҳои гуногуни тайф, мас., дар фосилаи намоёни тайф, мавҷҳои инфрасурх ва радиомавҷҳо.

Намудҳои аксбардрӣ вироиш

Аксбардории кайҳонӣ якминтақавӣ ва бисёрминтақавӣ мешавад. Одатан, дар як вақт дар якчанд минтақаи тайф акс мебардоранд. Дар ин маврид аксбардорӣ бисёрминтақавӣ мешавад, яъне акси ҳамон як ҷирм дар фосилаҳои гуногуни мавҷ гирифта мешавад. Аксбардории муқаррарии сиёҳу сафед ё навори телевизиониро аксбардории якминтақавӣ номидан мумкин аст. Дар ин маврид таҷҳизот афканишотро аз объекти аксбардорӣ дар як минтақаи васеи тайф ба қайд мегирад. Аксар вақт аксбардорӣ дар минтақаи намоёни тайф ба амал оварда мешавад. Барои гирифтани маълумоти пурра аксро ба намуди ранга мебардоранд. Дар ин маврид дурахшонии объект дар се минтақаи тайфи намоён: кабуд, сабз, сурх қабул карда мешавад. Аксбардории бисёрминтақавӣ аз намудҳои зикршудаи аксбардорӣ хеле беҳтар аст. Барои Аксбардории кайҳонӣ дастгоҳҳои суратгирӣ, тезевизионӣ, таҷҳизоти сканеркунанда, радиолокаторҳо ва дигар таҷҳизотро истифода мебаранд. Феълан барои аксбардории бисёрминтақавӣ фотоаппарати кайҳонии «МКФ-6М» истифода мегардад (таҷҳизоти мураккаби аксбардорӣ, ки мутахассисони Германия ва Россия сохтаанд). Он аз таҷҳизоти мураккаби суратгирии оптикию электронӣ иборат буда, 175 кг вазн дорад. Барои ҳар як соҳаи хоҷагии халқ паҳнии (диапазон) хосро интихоб мекунанд. Аксбардории кайҳониро барои таҳқиқоти атмосфераи Замин, омӯзиши тағйирёбии иқлим (обшавии пиряхҳо), уқёнусҳо ва ғайра истифода мебаранд.

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш