Акселератсия
Акселератсия (аз лотинӣ аcceleratio – тез шудан) — қадкашӣ ва рушди ҷисмонии босуръати бачагон ва наврасон. Бачагон ва наврасони имрӯза назар ба ҳамсолони солҳои пешини худ то андозае қадбаланд ва калонҷусса (вазнинтар) мебошанд. Акселератсия дар балоғати нисбатан бармаҳали ҷинсӣ низ мушоҳида мешавад. Macалан, синни миёнае, ки дар он духтарон ҳайз мебинанд, сол ба сол кам шудааст. Акселератсияи қадкашӣ ва инкишоф ҳамаҷоя ба назар мерасад, вале суръати он гуногун мебошад. Акселератсия дар шаҳрҳои калон нисбатан бештар, дар шаҳрҳои хурд ва деҳот камтар дучор меояд. Дар баробари рушди бошитоби ҷисмонӣ инкишофи босуръати баъзе фаъолиятҳои организм низ ба назар мерасад. Суръати кори дил, бузургии фишори шараён ва нерӯи мушакҳо тез ба дараҷаи калонсолон баробар мешавад, нутқ инкишоф меёбад. Вале ин ҳама маънои балоғати бармаҳали умумии наврасонро надорад. Аксуламали наврасони солҳои 2000-ум, ки нисбатан қадбаланд ва болиғ мебошанд, ба таъсири муҳит аз аксуламали ҳамсолони солҳои 90 садаи XX-и худ фарқ надорад ва тасдиқи ақидае, ки гӯё баробари рушди ҷисмонӣ инкишофи рӯҳии бачагон ҳам авҷ мегирад, беасос аст. Ин ҷо сабаб фақат дар огоҳии бештар доштани бачагон ва наврасони айёми мо мебошад. Оид ба сабабҳои акселератсия фарзияҳои гуногун пешниҳод шудаанд, масалан, таъсири нисбатан бошиддати нури офтоб, беҳтар шудани тағзия, таъсири тағйироти электромагнитӣ ва афканишоти иондор ва ғайра Бархе аз олимон сабабҳои акселератсияро дар урбанизатсия (баланд шудани мақоми шаҳрҳо дар пешрафти ҷамъият) ва фаровон будани ангезаҳои гуногун, аз ҷумла радио, кино, телевизион, гурӯҳи дигар дар кам шудани бемории кӯдакон (махсусан дар хурдсолӣ) медонанд. Ақидаҳо дар бораи ба ҳолати тандурустии бачагон ва наврасон таъсир расондани акселератсия мухталифанд. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки гӯё акселератсияи таъсири бад дорад (яъне нисбатан пештар рух намудани баъзе бемориҳо, номутаносибӣ дар инкишофи фаъолиятҳои ҷудогонаи организми наврасон ва ғайра). Вале далелҳои мазкур бисёр вақт тасдиқ намешаванд, ё тасдиқ шаванд ҳам, ба акселератсия вобаста нестанд. Даъвоҳо дар бораи таъсири мусбати акселератсия ба тандурустии насли наврас низ ба дараҷаи кофӣ эътимод надоранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Дубровская Н. В., Псиҳофизиология ребенка, М., 2000;
- Обреимова Н. И., Пет-рухин A. С., Основы анатомии, физиологии и гигиены детей и подростков, М., 2000;
- Сапин М. P., Брыксина 3. Г., Анатомия, физиология детей и подростков, М., 2000.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.