Аксентуатсияи характер
Аксентуатсияи характер (аз лотинӣ accentus – зада) — ифроти хислат, аз маҷмӯи хислатҳои инсон аз ҳад зиёд тақвият ёфтани (ҷудо шудани) ягон ҷиҳати хислати ӯ, ки вайро аз бисёр одамони атроф фарқ мекунонад. Аксентуатсияи характерро рафтори махсуси шахс дар вазъиятҳои гуногуни ҳаёт муайян менамояд. Аксентуатсияи характер пурзӯршавии хислати алоҳидаи одам аст, ки дар рӯҳу рафтори шахс ноҷӯриҳоро ба вуҷуд меоварад. Шаклҳои зерини аксентуатсияи характерро фарқ мекунанд: даврӣ – вобаста ба шароити муҳити беруна зуд тағйир ёфтани ҳолати рӯҳӣ; бемадорӣ – пуризтиробӣ, беғайратӣ, зуд хасташавӣ, зудранҷӣ, майл ба рӯҳафтодагӣ; тарсончакӣ – буздилӣ, шармгинӣ, худро беқадр ҳис кардан; маҷзубӣ – канораҷӯӣ, мардумгурезӣ, душвории барқарорнамоии муносибат, беилтифотӣ, набудани тараҳҳум; девонаавзоӣ – бадҷаҳлии зиёд, устувории ҷунун, зудранҷӣ, бадгумонӣ, шуҳратпарастии аз ҳад зиёд; саръӣ (эпилептоидӣ) – худро идора карда натавонистан, ҳардамхаёлӣ, бетоқатӣ, ҷангҷӯӣ, сергапӣ, расмиятпарастӣ (хӯрдагирӣ); намоишкорона – зоҳиршавии майли аз худ дур кардани воқеаю ҳодисаҳои нохуш, майл ба дурӯғгӯӣ, моҷароҷӯӣ, мағрурӣ, ҳангоми қонеъ нашудани талаботҳо худро «ба беморӣ задан»; васвосӣ – доимо хушҳол будан, меҳнатдӯстӣ бо тамоюли партофта рафтан ва ба охир нарасондани кор, хушчақчақии аз ҳад зиёд (номураттабии фикр); афсурдаҳолӣ (маъюсӣ) – ҷиддияти аз ҳад зиёд, масъулиятшиносӣ, таваҷҷуҳ ба ҷиҳатҳои сахт ва ғамангези ҳаёт, майл ба рӯҳафтодагӣ, камфаъолиятӣ; ноустувор – майли зуд зери таъсири атрофиён мондан, пайваста дар ҷустуҷӯи таассурот ва рафиқони нав будан, зуд алоқа пайдо карда тавонистан, вале хусусияти лаҳзавӣ доштани он. Аксентуатсияи характерро вобаста ба дараҷаи зоҳиршавӣ ба кушода ва пӯшида ҷудо мекунанд. Онҳо зери таъсири омилҳои гуногун (тарбияи оилавӣ, муҳити иҷтимоӣ, касбу кор, солимии ҷисм ва ғайра) ягдигарро иваз карда метавонанд. Аксентуатсияи характер ҳамчун ҳолати муваққатии рӯҳӣ бештар дар наврасон ба назар мерасад ва баробари калон шудани онҳо тадриҷан барҳам хӯрда, на дар ҳамаи ҳолатҳо, балки фақат дар ҳолатҳои мураккаби рӯҳӣ зоҳир мешавад. Аксентуатсияи характер барои инкишофи таассуроти пуризтироби шадид, ҷунун, ихтилоли паталогии рафтор заминаи мусоид шуда метавонад. Баҳисобгирии Аксентуатсияи характер барои корбурди муносибати фардӣ дар тарбияи кӯдакон ва наврасон, интихоби шаклҳои комилан мувофиқи равонпизишкии фардӣ ва оилавӣ зарур аст. Аксентуатсияи характер ба тавассути усулҳои гуногуни психологӣ ташхис карда мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.