Аксепт
Аксе́пт (лот. acceptus — қабулшуда) — дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ мувофиқат барои тартиби маъмули ақди қарордод мутобиқи пешниҳоди (офертавӣ – пешниҳоди ақди қарордод. Нигар низ Оферта) тарафи дигар. Яке аз марҳалаҳои бастани шартнома ё қарордод. Ризоият оид ба қабул кардани пешниҳодҳои тарафи дигар дар мавриди бастани шартнома. Ин розигӣ мумкин аст бевосита ҳангоми аҳду паймон ба тарзи хаттӣ, ё ба тавассути барқия, факс, почтаи электронӣ ва ё шифоҳӣ ифода ёбад. Ҳамчунин сукут низ дар ин маврид аломати ризоият маҳсуб мешавад. Аксепт набояд қисман, нопурра ё бо қайду шарҳ тавзеҳ ифода ёбад. Ҳар навъи пешниҳод дар шакли илова, тавзеҳот ё тағйир қобили қабул нест.
Муҳосибот
вироиш- Аксепт, уҳдадорӣ ва ризоияти пардохт тибқи вексел аз рӯи муҳлати дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ нишондодашуда.
- Аксепт, яке аз шаклҳои пардохти ғайринақдӣ ба тавассути муассисаҳои қарздиҳанда.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.