Аксиз
Аксиз (фр. accise, аз лот. accido — мебурам) — андози изофа, навъи андози ғайримустақим, ки аз молҳои сермасраф ва маводи истеъмоли умум (масалан, намак, қанд, чой, маҳсулоти тамоку) ва ё намуди хидматрасонӣ ситонда мешавад.
Молҳои зераксиз
вироишМолҳои зераксизие, ки дар қаламрави давлат истеҳсол ва инчунин ворид карда мешаванд — фаъолият дар соҳаи бозиҳои тиҷоратӣ (мизи бозӣ, хазинаи тотализатор, хазинаи идораи букмекерӣ, бозии боулинг (кегелбан), мизи билярд ва лото).
Андози аксиз
вироишИн андози махсус ва навъи андози ғайримустақим аст, ки аз молҳои зераксизӣ ситонида мешавад. Он аз 1 январи 1992 тибқи Қонуни андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Андози аксиз манбаи муҳими даромади буҷети умумидавлатӣ буда, аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони мол пардохта мешавад. Андози аксиз ба баланд шудани нархи мол сабаб гардида, бори нархи изофашуда аз ҳисоби ин омил бар дӯши истеъмолгар ё аҳолӣ меафтад. Андози аксиз ба молҳо ва хидматҳо тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молҳои алоҳидаи махсус, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ сурат мегирад ва ба молҳое, ки ба воситаи тиҷорати хориҷа ба бозори дохилӣ ворид мегардад, муайян шудааст ва ба нархи молҳои зераксизӣ дохил мешавад. Ба қатори молҳои зераксизӣ спирт ва машруботи спитрӣ, сӯзишвории минералӣ, нефт ва маҳсулоти коркарди он, шинаҳои резинӣ, автомобилҳои сабукрав ва дигар воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти ороишӣ (заргарӣ) аз тило, сурб ё нуқра дохил мешаванд. Меъёри андози аксиз бо ҳисоби фоиз нисбат ба арзиши молҳои зераксизӣ, ҳамчунин ба маблағи мутлақ ба воҳиди андозгирии моли зераксизӣ бо ифодаи натуралӣ муайян карда мешавад. Номгӯи молҳои зераксизӣ бо пеш омадани зарурати воқеӣ ва танҳо аз ҷониби ҳукумат ва мақомоти қонунгузор тағйир дода мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Аксиз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.