Аксуламал, вокуниш — дар психология, амали ҷавобии организм ба таъсири муайян; ҳаракати ихтиёрӣ дар ҷавоб ба сигнали расида. Зарурати тадқиқоти аксуламали ихтиёрӣ баъди он пайдо шуд, ки астрономҳо ҳангоми аз меридиан гузаштани ситораҳо мухталиф будани нишондодҳоро муайян намуданд. Ф. Бессел, ки ин зуҳуроти нодирро кафш намудааст, таҷриба гузаронда (1823), вақти аксуламали инсонро ба ангезаҳо чен кард. Ченкунии суръат, шиддатнокӣ, шаклҳои зуҳуроти аксуламал психометряро ба соҳаи махсуси психология, ки дорои усулҳои махсуси тадқиқот — усули аксуламал аст, табдил дод. (Ф. Дондерс, Дания; В. Вундт, Л. Ланге, Н. Н. Ланге). Дар психологияи замони шӯравӣ бо омӯзиши аксуламалҳо К. Н. Корнилов (асосгузори аксуламалшиносӣ) машғул буд. Ду навъи асосии аксуламалро ҷудо мекунанд: сода ва мураккаб: аксуламали сода вақте ба амал меояд, ки инсон ба сигнали қаблан шинос дарҳол бо ҳаракат ҷавоб медиҳад (аксуламал ҳаракатӣ ва сенсорӣ). Аксуламали мураккаб ҳамон аст, ки ҳангоми ногаҳон расондани сигналҳои гуногун инсон танҳо ба яке аз онҳо (аксуламали фарқкунанда) ё ба ҳамаи онҳо, лекин бо ҳаракатҳои мухталиф (аксуламали интихобӣ) ҷавоб медиҳад. Омӯзиши аксуламал имконият дод, ки як қатор қонуниятҳо барои психологияи амалӣ ташаккул ёбанд, масалан қонуни Хика: бо зиёд шудани адади ангезаҳои барои фарқкунӣ пешниҳодшаванда вақти аксуламал меафзояд.

Сарчашма

вироиш