Аксулҷараёнҳои байнипассатӣ
Аксулҷараёнҳои байнипассатӣ — ҷараёнҳои сатҳии баҳрӣ дар арзҳои назди экватории Уқёнуси Атлантика, Уқёнуси Ором ва Уқёнуси Ҳинд (А. экваториалӣ). То чуқурии 300 м мушоҳида мешавад. Самти ҳаракати аксулҷараёнҳои байнипассатӣ ба Ғарб ва Шарқ, суръати миёнаи онҳо 20 – 80 см/с, суръати калонтарин – 190 см/с. Сарфи об 40 – 60 млн м3 /с -ро ташкил медиҳад (дар қисми ғарбии Уқёнуси Ором). Аксулҷараёнҳои байнипассатии Уқёнуси Ором доимӣ ва дар уқёнусҳои дигар мавсимӣ мебошанд. Аксулҷараёнҳои байнипассатии Уқёнуси Ором тамоми сол байни 2° ва 12° а. ш., Уқёнуси Атлантика дар тобистон байни 3° ва 10° а. ш., Уқёнуси Ҳинд дар зимистон байни 2° ва 10° а. ҷ. зоҳир мегарданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.