Акти ҳуқуқи истифодаи замин
Акти ҳуқуқи истифодаи замин — ҳуҷҷати ҳуқуқии истифодаи замин.
Замин моликияти истисноии давлат мебошад ва истифодаи он дар асоси иҷозатгирӣ сурат мегирад. Мувофиқи моддаи 17-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда мешавад: а) ҳуқуқи бемӯҳлату мӯҳлатноки истифодаи замин ва ҳуқуқи истифодаи меросии якумраи қитъаи замин дар асоси Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин; б) ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин – бо шартномаи иҷора; в) миқдори саҳми замин – бо Шаҳодатномаи саҳми замин. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи Комитети давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо нисбат ба тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаашон қитъаҳои замин доранд, амалӣ мегардад.
Асосҳои бақайдгирӣ
вироишМувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 4 феврали 1999 «Дар бораи тартиби содакардашудаи ташаккул додан ва бақайдгирии ҳуқуқи истифодабарии замин» Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо ба қайди давлатӣ гирифта, ба заминистифодабаранда дода мешавад. Қароре, ки ҳуқуқ оид ба заминро муқаррар мекунад, барои аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ оид ба замин асоси ҳуқуқӣ мебошад.
Асосҳои рад кардани бақайдгирӣ
вироишАсосҳои рад кардани бақайдгирии давлатии истифодаи замин чунинанд: а) набудани қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин; б) дар мақомоти бақайдгирандаи давлатии ҳуқуқи истифодаи замин мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷой доштани баҳсу мунозира оид ба мансубияти ҳамин қитъаи замин шаҳодат медиҳанд; в) худсарона тағйир додани таъйиноти мақсадноки қитъаи замин. Шартномаҳои иҷораи замин фақат дар Китоби давлатии бақайдгирии замин ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳуқуқи истифодабари замин
вироишҲуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз вақти гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ки аз қайди давлатӣ гузаштааст, оғоз меёбад. Барои истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст (моддаи 148 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳамчунин барои бақайдгирии ғайриқонунии замин ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст (моддаи 261 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Асоси пайдоиши ҳуқуқи заминистифодабарӣ шартнома, васиятнома ва қарори суд низ шуда метавонад. Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.