Акустикаи мусиқӣилмест, ки қонуниятҳои физикавӣ (паҳншавӣ, инъикос, ларзиш, андозаи мавҷ) ва дигар хусусиятҳои табиии садоҳои мусиқиро мавриди тадқиқ қарор дода, робитаю ҳамоҳангии онҳоро дар ҳолати навохтану иҷрои мусиқӣ меомӯзад. Акустикаи мусиқӣ инчунин баландии овоз, муқовимати садои мусиқӣ, консонанс ва диссонанс, сохт ва таркиби овозии мусиқиро зимни қонуниятҳои хоси физикӣ ва псиҳофизиологӣ тадқиқ мекунад. Акустикаи мусиқӣ бо акустикаи меъморӣ, псиҳофизиологияи дарккунии мусиқӣ, физиологияи сомеа ва хусусиятҳои овоз иртиботи наздик дорад. Акустикаи мусиқӣ барои тафсири як қатор зуҳуроти хоси мусиқӣ мисли гармония, созҳои мусиқӣ, инструментовка ва ғайра кумак мерасонад.

Таърих

вироиш

Акустикаи мусиқӣ ҳамчун қисмати назарияи мусиқӣ дар таълимоти файласуфҳо ва мусиқишиносони қадим ба вуҷуд омадааст. Қонунҳои паҳншавӣ ва инъикоси садо ҳанӯз аз замони Уқлидус (Евклид) маълуманд. Дар назарияи мусиқии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқ акустикаи мусиқиро баъзан зимни истилоҳи бӯъд ва фосила ифода мекарданд. Марҳалаи муҳим дар инкишофи акустикаи мусиқӣ кашфиёти физик ва физиологи намоёни асри XIX немис Г. Гелмголс маҳсуб мешавад. ӯ соли 1863 назарияи резонансии сомеа (гӯш)-ро эҷод кард, ки минбаъд ин асоси акустикаи мусиқӣ гардид. Омӯзиши масъалаи садоафканӣ ва садоқабулкунӣ боиси аз ҷиҳати баландию пастӣ мураттаб сохтани низоми садои мусиқӣ гардид, ки он бо диапазон ифода мегардад. Имконияти сабти садо, ки дар асри XX ба миён омад, боиси инкишофи акустикаи мусиқӣ гардид. Инчунин асбобҳои мусиқии электронӣ, ки баробари садоафканӣ ба акустикаи бино ва таҷҳизоту техникаи паҳншавии садо алоқаманд аст, ба инкишофи рӯзафзуни акустикаи мусиқӣ мусоидат кард.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш