Акшапада Гаутама (номаълумномаълум) — мутафаккири Ҳинди Бостон, муассиси системаи няя, муаллифи рисолаи «Няя-сутра».

Акшапада Гаутама
Таърихи таваллуд номаълум
Таърихи даргузашт номаълум

Зиндагинома

вироиш

Замони зиндагии Акшапада Гаутама маълум набуда, эҳтимол меравад, ки дар оғози асри 1 м зистааст, зеро муассиси мактаби буддоии мадҳямика Нагарҷуна (асри 2 м.) бо баъзе мафҳумҳои системаи няя шиносоӣ доштааст. «Няя-сутра» аз 5 китоб иборат буда, дар он воситаву мудракҳои маърифати дуруст, баҳс ё мунозира, бахшҳои қиёс ва баъзе унсурҳои таълимоти фалсафии мубрами замони таълифи асар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Акшапада Гаутама бо таълимоти худ ба мантиқи Ҳинди бостон замина гузошта, амалияи баҳсу мунозира карданро ҷамъбаст намуд ва таваҷҷуҳи андешамандонро ба мавзӯъҳое аз қабили бурҳон, рост, асосҳои дурӯғин, софистика (муғолата) ва ғ. ҷалб кард. Шарҳи «Няя-сутра»-и Акшапада Гаутама «Няя бҳаня»-и файласуфи ҳиндӣ Ватсяяна (асрҳои 4-5) мебошад.

Сарчашма

вироиш