Алавия
Алавия (ар. العلويون — al-ʿAlawiyyūn), ҳамчунин маъруф ба нусайри́ён (ба номи асосгузораш; ар. نصيريون — Nuṣayriyyūn, тур. Nusayriler) — як фирқаи шиъа, ки садаи IX дар Сурия дар натиҷаи ихтилофи байни рӯҳониёни шиъа барои тахти имомат пайдо шудааст. Алавияро аз номи асосгузораш Ибни Нусайр нусайрия низ мегӯянд. Пайравони алавия имоми нахустини шиъа ва халифаи чаҳорум Алӣ ибни Абитолибро тимсоли Худо дониста, вайро ҳатто аз Муҳаммад пайғамбар боло медонистанд. Таълимоти алавия унсурҳои масеҳият ва дигар динҳои қадимаро ҳам шомил буд. Эътиқод ба се шахси муқаддас (Алӣ, Муҳаммад ва Салмони Форс) доштанд. Алавиён таносухро эътироф мекунанд ва мӯътақиданд, ки рӯҳи алавиён қабл аз ба тан пайвастан ситора буда, баъд аз вафот рӯҳи алавиёни содиқ ба ситора ва рӯҳи мунофиқон ба тани ҳайвон ворид мешавад. Алавиён илова бар иду маросимҳои мусулмонӣ баъзе идҳои масеҳият (мавлуди Исо, Салоса, Башорат ва ғайра)-ро низ ҷашн мегиранд. Гурӯҳе аз пайравони имомҳои алавӣ (зайдӣ), ки дар ҳудуди Яман ҳукумат дошта, насабашонро ба имом Ҳасан ва Ҳусейн мепайвастанд, муддате дар шаҳрҳои соҳили Баҳри Хазар (Дайлам, Гелон, Табаристон) давлати мустақили худро таъсис доданд, лекин он дер давом накард. Сомониён давлати онҳоро шикаст дода, пайравонашонро пароканда карданд. Пайравони алавия ҳоло дар Сурия ва Туркия мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Беляев Е. А., Мусульманское сектантство, М., 1957.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.