Алафғундорӣ
Алафғундорӣ — дарав ва ҷамъоварии алаф. Сифату серғизоии хошок, пеш аз ҳама, ба алафғундории сари вақт вобаста аст. Алафҳои худрӯйро ҳангоми гул ва тухмбандӣ, юнучқаро дар давраи оғози ғунчабандӣ медараванд. Дарави дер боиси кам шудани ғизонокии хошок, дуруштии баргу поя ва талаф ёфтани як қисми он мегардад. Дар мавриди муқаррар кардани муҳлати алафғундорӣ таркиби алафзор, вуҷуд доштани алафҳои бегона, дараҷаи ифлосии қитъа ва дигар омилҳо ба эътибор гирифта мешаванд. Ба миқдор ва сифати алаф, инчунин ба маҳсулнокии минбаъдаи алафзор баландии дарав таъсири зиёд мерасонад. Аз ҳад зиёд баланд даравидани алаф боиси кам шудани ҳосилнокӣ ва бисёр паст даравидани он бошад, боиси паст гаштани сифати хошок (хусусан дар алафҳои пояашон дурушт ва ғафс) мешавад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон алафи худрӯйро дар ҳар мавсим 1 – 2 ва алафи киштаро 2 – 6 маротиба дарав мекунанд. Барои алафғундорӣ бештар алафдаравҳои тракториро ба кор мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.