Албинизм
Албинизм -(аз лотинӣ albus – сафед) — вуҷуд надоштани пигментатсияи муқаррарӣ: дар одам ва ҳайвонот ранги муқаррарии пӯст, мӯй, пардаи чашм; дар рустаниҳо – ранги сабз.
Албинизм аломати ирсӣ буда, аз мавҷудияти гени ретсессивӣ, ки дар ҳолати гомозиготӣ синтези пигментҳо (дар рустаниҳо – хлорофилл, дар ҳайвонот – меланин)-ро бозмедорад, вобаста аст. Масалан, агар ду рустании гени албинизми ниҳонидошта гардолуд карда шаванд, он гоҳ дар насли онҳо ба ҳар се рустании сабз як рустании бехлорофилли ғайри қобили ҳаёт пайдо мешавад. Алорангии барги рустаниҳо ба мавҷудияти гени албинизм дар қисми ҳуҷайраҳои барг вобаста аст. Навъи дигари Албинизми рустаниҳо ба тағйирёбии ирсии хлоропластҳо алоқа дорад. Дар одам ва ҳайвонот коэф. зуҳуроти Албинизм, яъне мавҷуд будани гени Албинизм дар ҳолати гомозиготӣ, баробари 1:20000 аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.