Алвар Гулстранд (швед. Allvar Gullstrand; 5 июн 1862[2][3][1][…], Ландскруна[d][2][1]28 июл 1930[4][2][3][…], Оскар[d][2][5]) — чашмпизишки суэдӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ё пизишкӣ (1911).

Алвар Гулстранд
швед. Allvar Gullstrand[1]
Таърихи таваллуд 5 июн 1862(1862-06-05)[2][3][1][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 июл 1930(1930-07-28)[4][2][3][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ чашмпизишкӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар дониш­гоҳ­ҳои Упсал (1880), Вена (1885) ва Ин-ти Каролини Сток­голм (1987) таҳсил кардааст. Солҳои 1894—1913 профессор офталмология, 1913-27 мудири кафедраи оптикаи физиологию физикии Донишгоҳи Упсала буд. Оид ба шикасти нур дар му­ҳи­ти гуногун, аз ҷумла дар гавҳараки чашм, пажӯ­ҳиш анҷом додааст. Алвар Гулстранд табиати астигматизмро шарҳ до­да, се шакли онро ҷудо намуд, усули нави тартиби системаи инкисор ва инъикосро ба вуҷуд овард, мафҳуми диоптрияро ба илм во­рид сохт. «Чашми нақшавӣ», ки Алвар Гулстранд пеш­ниҳод намудааст, то ҳол дар кори ҳисобу китоби оптикӣ истифода мешавад. Алвар Гулстранд чанд асбоби офталмологӣ — лампаи роғбин барои муоинаи дохили чашм, офталмоскопи бидуни рефлекси би­нокулӣ, дастгоҳ барои таҳқиқи шаффофии муҳити чашм ва қаъри он, айнак-пурбин ва ғайра ихтироъ кардааст.

Адабиёт

вироиш