Чашмпизишкӣ, Офталмология (калимаи юнонӣ: ὀφθαλμός «чашм» + λόγος «таълимот, илм») — яке аз соҳаҳои тиб, ки ба омӯзиши чашм, анатомия, физиология, бемориҳои он ва таҳияи усулҳои табобат ва пешгирии бемориҳои чашмро дар бар мегирад.

Чашм ва мушакҳои чашм

Таърихи чашмпизишкӣ

вироиш

Корнелий Селс (асри I пеш аз мелод) мавҷуд будани айрис, ҷисми силиарӣ, камераҳои пеш ва пушти чашмҳоро исбот кардааст. Табибони араб и бо ба низом даровардани дониши тамаддунҳои қадим ва истифодаи амалии онҳо саҳми худро дар соҳаи чашмпизишкӣ гузоштаанд. Ибни ал Хайсам (Алхазен, асрҳои X-XI мелодӣ) «Китоб дар бораи оптика»-ро навиштааст, ки асосан ба айнак ихтироъ намудан ва ба вуҷуд омадани назарияи муосир дар Аврупо мусоидат намуд. Дар асари машҳури Абуалӣ ибни Сино (асрҳои Х-ХI) «Ал-қонун фи-т-тиб" як роҳнамои асосӣ оид ба бемориҳои чашм дар олами араб буд, ва дар Аврупо, беш аз 500 сол. Абу Қосим Халаф ибни Аббос ал-Захрави (асри X) — ҷарроҳи машҳур ва асосгузори чашмпизишкии (офталмология) амалӣ. Боз олимони зиёде ҳастанд, ки ба рушду инкишофи чашмпизишкӣ саҳми худро гузоштаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Сорокина Т.С., История медицины, Академия, Academia; Москва; 2008

Пайвандҳо

вироиш
  1. Офтальмология