Алеврит
Алеврит (юнонӣ aleuron – орд) — гурӯҳи ҷинспораҳои ковоки (ночаспидаи) таҳшин, ки аз зарраҳои хеле хурди минерали (кварс, шпати даштӣ, абрақ ва ғайра)-и андозаашон 0,01 – 0,1 мм таркиб ёфтаанд. Аз рӯи андозаи зарраҳо аз рег маҳинтар (0,05 – 0,1мм) ва ва аз гил дуруштаранд (0,01 – 0,05 мм). Ба алеврит чанг, лойқа, лёсс ва ҷинсҳои лёссмонанд мансубанд. Алеврит чун таҳшини алоҳида аз ҷониби петрографи советӣ А. Н. Заваритский ҷудо карда шудааст (1930). Дар натиҷаи сангшавӣ (литификатсия) алеврит ба алевролит табдил меёбад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.