Александр Грибоедов
Александр Сергеевич Грибоедов (4 [15] январ 1795[1], Маскав, Русияи подшоҳӣ[1][2][3] — 30 январ [11 феврал] 1829[1], Теҳрон[2]) — нависанда ва дипломати рус.
Таърихи таваллуд: | 4 (15) январ 1795[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 30 январ (11 феврал) 1829[1] (34 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | намоишноманавис, шоир, диплумот, пиёнунавоз, оҳангсоз, нависанда, bretteur |
Жанр: | шеър ва comedy[d] |
Забони осор: | русӣ[4] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишКорманди коллегияи корҳои хориҷии Русия, котиби сафорати Русия дар Эрон (1818-22). Соли 1828 сафири Русия дар Эрон таъйин гардид, вале бо иғвои доираҳои иртиҷоии Эрону Англия ба дасти мутаассибон кушта шуд. Нахустин асарҳои бадеии Г. мазҳакаҳои «Зану шавҳари ҷавон» (1815), «Оилаи худ», «Донишҷӯ» (ҳар ду 1817) мебошанд, ки дар ҳамкорӣ бо нависандагони рус А. А. Шаховский, Н. И. Хмелнитский ва П. А. Катенин навиштааст. Асаре, ки ба шарофати он Г. дар адабиёти рус шуҳратманд гардид, драмаи манзуми «Дод аз дасти ақл» (1822-24; нашраш 1833; тарҷумаи тоҷикиаш 1957) мебошад. Асари мазкур ҳаҷвияи тезу тунде буд ба муқобили помешикҳо (заминдорон)-и рус, ки ба деҳқонон назари ҳақирона дошта, нисбат ба онҳо зулму тааддиро раво медоштанд. Симоҳои дар ин драма тасвиршуда — Фамусов, Скалозуб, Мочалин, байту пораҳои ҳаҷвӣ ва масхараомези драма ба зарбулмасал табдил ёфта, вирди забони аҳли ҷомеа буданд. «Дод аз дасти ақл» ба адабиёти рус, намояндагони бузурги он — А. С. Пушкин (достони «Евгений Онегин»), эҷодиёти М. Ю. Лермонтов, Н. В. Гогол таъсир расондааст.
Пас аз мутолиаи асарҳои Г. Ю. Клапрот «Осиёи серзабон», Ҷ. Малколм «Таърихи Форс», И. Ҳаммер-Пургштал «Сарватҳои Шарқ», маҷмӯаи осори адибони Шарқ (хрестоматия)-и Силвестр де Саси шавқу рағбати Г. ба Шарқ, махсусан Эрон, афзуд. Вай забонҳои форсӣ ва арабиро медонист. Осори адибони гузаштаи форс-тоҷикро ба забони асл мехонд, ба забони форсӣ шеър ҳам гуфтааст. Ҳангоми зиндагӣ дар Эрон Г. ба шаҳрҳои гуногуни ин кишвар — Қазвин, Табрез сафар карда, таърихи ин шаҳрҳоро меомӯхт, ёдгориҳои таърихию меъморӣ, аз ҷумла харобаҳои Барда, Шамхор, вайронаҳои қасри Султонияро зиёрат карда, ба урфу одати мардум шавқу рағбат зоҳир мекард. Дар омӯзиши забону адабиёти Эрон ба Г. академик Х. Д. Френ, шоир ва маорифпарвари озарбойҷонӣ Аббосқулихон Боқихонов кумак мекарданд. Г. инчунин бо маликушуарои дарбори Фатҳалишоҳ — Сабо робитаи эҷодӣ дошт. Г. аз осори намояндагони бузурги адабиёти форс-тоҷик — Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ ва дигарон, шоҳасарҳо — Қуръон, Авесто ва ғ. огаҳ буд. Ба саъю кӯшиши Г. ва баъзе аз шоирони дӯстдори Шарқ, аз ҷумла А. А. Бестужев, В. К. Кюхелбеккер ва дигарон ба адабиёти рус мавзӯъ, суварот, воситаҳои тасвири бадеӣ, романтизми адабиёти форс-тоҷик дохил гардиданд. Синтези адабиёти Шарқу Ғарб дар адабиёти рус натиҷаи ҷустуҷӯҳо ва ибтикороти ҳамин қабил адибон буд.
Осор
вироиш- Полное собрание сочинений. В 3-х томах. СПБ., 1995—2006.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Веселовский А. Грибоедов, Александр Сергеевич (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1893. — Т. IXа. — С. 689—696.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Грибоедов Александр Сергеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 3.0 3.1 Griboyedov, Alexander Sergueevich (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 12. — P. 593.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Грибоедов Александр Сергеевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Ениколопов И. Грибоедов и Восток. Ереван, 1954;
- Писканов Н. К. Летопись жизни и творчества А. С. Грибоедова. М., 2000;
- Тынянов Ю. Н. Смерть Вазир-Мухтара (Роман). М., 2002;
- Новая российская энциклопедия. Т. V (1), М., 2008.