Александр Грюнберг-Светинович
Александр Леонович Грюнберг-Цветинович (ар. Алекса́ндр Лео́нович Грю́нберг-Цветино́вич; 1 март 1930[1], Санкт-Петербург — 3 март 1995[1], Санкт-Петербург) — забоншинос-эроншиноси рус, доктори илмҳои филология (1973).
Таърихи таваллуд | 1 март 1930[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 март 1995[1] (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Иван Зарубин |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (1952). Соли 1953 ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои ИҶШС дохил шуд (роҳбари илмиаш И. И. Зарубин). Фаъолияти илмии Александр Грюнберг-Светинович аз таҳқиқи забони тотҳои Озарбойҷон оғоз ёфтааст (китоби «Забони тотҳои шимоли Озарбойҷон», 1963). Ҳангоми кор ба ҳайси мушовир ва тарҷумон дар Бадахшон ва Нуристони Бадахшон оид ба забонҳои бадахшонӣ (вахонӣ, мунҷонӣ) ва дардӣ (катӣ, глангалӣ ва ғ.) маводди фаровоне ҷамъ оварда, пас аз бозгашт онҳоро таҳлилу баррасӣ намуд ва дар силсилаи «Забонҳои Ҳиндукуши Шарқӣ» асарҳо таълиф кард. Нахустин асари Александр Грюнберг-Светинович дар ин мавзӯъ китоби «Забони мунҷонӣ» (1972) мебошад, ки дар он сохти фонетикӣ, грамматикӣ ва луғати забони номбурда бо иловаи матнҳои эҷодиёти халқ таҳқиқ шудааст. Китоби дигари ин силсила, ки ба забони вахонӣ бахшида шудааст, бо ҳамдастии Стеблин-Каменский И. М. таълиф ва нашр гаштааст. Асари мазкур аз бобҳои фонетика, грамматика, луғат, номҳои ҷуғрофиёӣ ва матнҳои маишию эҷодиёти шифоҳии халқ иборат мебошад. Дар боби «Фонетика» хусусиятҳои сифатию миқдории садонокҳо ифода ёфтааст. Навгонии илмии рисола дар он аст, ки садонокҳои забони вахонӣ ба тавассути таҳлили таҷрибавӣ (мошинӣ) мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Хусусияти дигари асар аз он иборат аст, ки дар он матнҳо аз рӯи мавзӯъҳо ва навъҳои адабӣ (назм, наср, зарбулмасалу мақол, афсона, матнҳои маишӣ ва этнографӣ) тасниф ёфта, кай, аз кӣ ва дар куҷо навишта шуданашон мушаххас шудааст. Китоби номбурда вазъи кунунии забони вахонии ҳам Бадахшони Тоҷикистон ва ҳам Бадахшони Афғонистонро инъикос менамояд. Дар хотимаи асар доир ба сохти наҳвӣ ва лаҳҷаҳои забони вахонӣ маълумоти мухтасар дода шудааст.
Александр Грюнберг-Светинович чун мутахассиси забони пашту (афғонӣ) маълум аст. Дар ин ришта низ ӯ монография ва мақолаҳо таълиф кардааст.
Александр Грюнберг-Светинович дар омӯзишу нашри эҷодиёти мардумӣ ва баррасии масъалаҳои мардумшиносӣ ва забонҳои эронӣ низ саҳми арзанда дорад. Бо ташаббуси ӯ ва И. М. Стеблин-Каменский «Афсонаҳои мардуми Помир» (1986) ба забони русӣ чоп гардид. Аз соли 1973 то охири умр дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург аз забон ва адабиёти пашту, дарӣ, балучӣ ва ғ. дарс медод. Бо роҳбарии ӯ якчанд нафар (аз ҷумла муҳаққиқони тоҷик) рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Осор
вироиш- Язык североазербайджанских татов. Л., 1963;
- Опыт лингвистической карты Нуристана.//Страны и народы Востока. М., 1971;
- Языки Восточного Гиндукуша. Мунджанский язык. Тексты, словарь, грамматический очерк. Л., 1972 (ҳамроҳи Стеблин — Каменский И. М.);
- Языки Восточного Гиндукуша. Ваханский язык. Тексты, словарь, грамматический очерк, М., 1976;
- Сказки народов Памира /Пер. с памирских языков /Сост. и коммен. А. Л. Грюнберга и И. М. Стеблин-Каменского. М., 1976;
- Языки Восточного Гиндукуша. Язык кати. М., 1980;
- Очерк грамматики афганского языка. Л., 1987.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Литераторы Санкт-Петербурга. ХХ век (рус.) / под ред. О. В. Богданова
Адабиёт
вироиш- Грюнберг-Светинович Александр Леонович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.