Александр Сергеевич Даргомижский

Александр Сергеевич Даргомижский (1813-1869), композитори барҷастаи рус.

Александр Сергеевич Даргомижский
Даргомижский Александр Сергеевич
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 14 феврал 1813(1813-02-14)
Зодгоҳ Империяи Русия
Таърихи даргузашт 1869(1869)
Маҳалли даргузашт Санкт-Петербург
Кишвар
Пеша(ҳо) композитор
Соз фортепиано
Сабк опера
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти мусиқиро дар оилааш гирифтааст, Даргомижский алакай дар солҳои ҷавонӣ ба эҷоди романсҳо ва пиесаҳои созӣ шурӯъ кард. Шиносоӣ бо М. Глинка, ки дар андак вақт ба дӯстӣ мубадал гашт ва фикри ба мусиқӣ ҷиддӣ машғул шуданро пеш овард: ӯ чуқуртар ба омӯхтани назарияи композитсия ва инструментовка машғул шуд. Асари калони аввалини Даргомижский – операи «Эсмералда» буд (дар асоси романи В. Гюго «Собори парижии Марям»), ки соли 1847 дар саҳнаи Театри калони Маскав ба намоиш гузошта шуд. Қуллаи фаъолияти композитор – операи ӯ «Русалка» (1855) ба ҳисоб мерафт. Асари охирини Даргомижский операи «Меҳмони сангин» (1872), ки нотамом монд ва композитор С. Кюи онро ба итмом расонид ва Н. Римский-Корсаков ин операро инструментовка кард (соли 1872 ба намоиш гузошта шуд). Даргомижский давомдиҳандаи наздиктарин эҷодӣ-ғоявии васияти Глинка дар санъати мусиқии рус ҳисобида мешавад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.117. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)