Ҷӯрахон Обидпур
Ҷӯрахон Обидпур (Ҷӯрахон Обидов; зод. 20 марти 1940, деҳаи Бедак, ноҳияи Муъминобод) — навозанда, рубобнавоз, оҳангсози суннатӣ, профессор (2001), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1998). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2000), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000).[1]
Ҷӯрахон Обидов | |
| |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 20 март 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Бедаки ноҳияи Муъминобод |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ |
Ҷоизаҳо | Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2000), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000). |
Зиндагинома
вироишҶӯрахон Обидпур соли 1940 дар деҳаи Бедаки ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1960 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва 1965 факултаи созҳои халқии Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкандро бо ихтисосҳои рубоби қошғарӣ (устодаш С. Зокиров, С. Тахалов) ва дирижёри оркестри созҳои халқӣ (устодаш Ф. Назаров) хатм намудааст. Ҳамчунин дар Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва (1974), Консерваторияи давлатии Киев ба номи П. И. Чайковский (1989) бозомӯзӣ намудааст. Солҳои 1965—1969 муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва муассисаҳои таълимӣ, муовини сардори Раёсати санъати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон, Солҳои 1969-70 дирижёри оркестри созҳои халқии назди Кумитаи давлатии телевизион ва радио, 1970—1972 директори омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов). Солҳои 1972—1973 омӯзгори калони кафедраи созҳои оркестрӣ ва созҳои халқии Институти давлатии педагогӣ ба номи Т. Шевченко (ҳоз. ДДОТ ба номи С. Айнӣ), 1973—2003 омӯзгори калон (аз соли 1986 дотсент, аз соли 2001 профессор; Солҳои 1989—1994 ва 2000—2003 мудири кафедра)-и Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, 2003—2005 мудири кафедраи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, 2005—2009 профессори кафедраи ансамбли мусиқии мардумии ДДСТ ба номи М. Турсунзода. Аз соли 2009 мудири шуъба ва аз соли 2016 ходими пешбари шуъбаи муассисаҳои таълимии ПИТФИ фаъолият дорад[2].
Фаъолияти омӯзгорӣ
вироишДар тӯли беш аз 40 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар инкишофи санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси созҳои миллӣ (рубобҳои қошғарӣ, бадахшӣ, прима) яке аз омӯзгорони пешбару варзида ба шумор меравад. Ӯ нахустин профессори соҳа мебошад, ки 34 нафар (32 рубобнавоз ва 2 дирижёр) шогирдро тарбия намудааст. Аз ҷумла 22 нафари онҳо соҳиби тахассуси «навозанда дар консертҳо» гардидаанд. 11 нафар шогирдони Ҷӯрахон Обидпур дар озмунҳои байниҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ иштирок варзида, лауреату дипломант гаштаанд: Улмасов Х. (Боку-1986, Ду-шанбе-1986, 1990), Матхолов А. (Теҳрон-1994, Душанбе-2000, «Гран при»), Файзуллоев Ф. (Бишкек-1978), Нормуҳаммадов А. (Душанбе-1986), Каримов Ҷ. (Душанбе-1990), Мирзоева Ш. (Молдова, Кишинёв-2004) ва ғ. Ҷӯрахон Обидпур аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки дар ин бахш аввалин дастури таълимии «Дарси рубоб»-ро таълиф намуд, ки он соли 1969 аз чоп баромад. Китоби мазкур муддати 13 сол дастури таълимии ягона барои кулли созҳои халқии тоҷикӣ буд. С. 2000 дар Озмуни III-ми ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқии тоҷикӣ, бахшида ба «Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ» Ҷӯрахон Обидпур бори дувум «Муаллими беҳтарини сол» дониста шуда, бо диплом қадр гардид.[1]
Эҷодиёт
вироишНавозандагӣ
вироишОбидпур солҳои 1965-90 ҳамчун якканавози сози рубоб фаъолият намудааст. Дар тӯли 25 сол ӯ ба тарғибу ташвиқи асарҳои композиторони тоҷик машғул шуда, дар радифи созҳои машҳур, ба мисли скрипка, виолончел, флейта, кларнет, гобой рубобро ҳамчун сози якканавозӣ дар байни мардум машҳур сохт. Бо номераҳои якканавозӣ ба воситаи телевизион, дар вохӯриҳои композиторон муассисаҳои таълимӣ, заводу фабрикаҳо мунтазам ҳунарнамоӣ мекард. С. 1975 (18 апрел) консерти якканавозии Ҷӯрахон Обидпур дар як шуъба (45-50 дақ.), ки дар толори консертии ДДСТ ба номи М. Турсунзода баргузор гардид, нахустин консерт дар таърихи навозандагии созҳои миллии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ӯ аввалин иҷрокунандаи кулли асарҳои тозаэҷоди композиторони тоҷик барои рубоб мебошад. Аз ҷумла «Фалак» ва «Насими кӯҳсор»-и А. Одинаев, «Рақси помирӣ»-и Ф. Баҳор, «Фантазия» ва «Савти рубоб»-и Х. Абдуллоев, фантазияҳои «Гулсуман» ва «Нози Дилбар»-и Ҷ. Обидпур ва ғ. Обидпур 17 асари композиторони гуногунро бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ ва фортепиано дар фонди тилоии радиои тоҷик сабт намудааст. Репертуари консертии О.-ро зиёда аз 60 асари гуногунмазмуни композиторони тоҷик, классики русу Ғарб ва муосири ИДМ дар бар мегирифт.[1]
Дирижёрӣ
вироишОбидпур дар баробари ромишгар буданаш, инчунин дирижёри бо-маҳорат низ мебошад. Ӯ Солҳои 1969-70 вазифаи дирижёри ор-кестри созҳои халқии назди Кумитаи телевизион ва радиошунавониро ба уҳда дошт. Дар ин муддат Ҷӯрахон Обидпур 26 суруду пиесаҳои композиторони мухталифро бо оркестри созҳои халқӣ дирижёрӣ намуда, дар фонди радиои тоҷик сабт кардааст. Ҳамчунин дар ин самт ӯ беш аз 100 асари гуногунҳаҷмро барои ин оркестр таҳия (инструментовка) ва табдил додааст. Солҳои 1975-85 Обидпур бо ташабуси худ оркестри созҳои халқии донишҷӯёни факултаи мусиқӣ-омӯзгории До-нишкадаи санъатро ташкил карда, дирижёрӣ ва роҳбарии онро муддати 10 сол ба уҳда дошт. Дар бораи санъати дирижёрии Обидпур Ҳунарпешаи халқии СССР, профессор Ҳанифа Мавлонова чунин қайд намудааст:
«Ҷӯрахон Обидпур истеъдоди фавқулодаи дирижёрӣ дошта, дар назди пулти дирижёрӣ дар обурангдиҳӣ ва итоат кардани оркестр ба овоз ва нафасгирии овозхонӣ ҳамто надорад, ки ин сифатҳо на дар ҳамаи дирижёрҳо мавҷуд аст. Барои ҳамин ман якчанд бор бо роҳбарии ӯ дар оркестри номбурда сурудҳои гуногунрангро иҷро кардам»
Оҳангсозӣ
вироишПаҳлуи дигари фаъолияти эҷодии Обидпур оҳангсозӣ аст. Ӯ дар ин бахш худомӯз буда, зиёда аз 100 суруд эҷод намудааст: бо ҳамовозии ансамбли созҳои миллӣ ки мавзӯи бештари онҳо ишқ мебошад («Кош медидам туро», «Парвози дил», «Диламро машкан», «Эй дил», «Мапӯшон рӯйро», «Ишқ», «Хобам наомад», «Сарвиноз», «Медонам», «Оташи ишқ», «Ашки дил» ва ғайра), сурудҳои эстрадӣ («Тоҷикистон», «Ватан», «Бути тоҷик», «Ташна», «Гул», «Бе ёр, чунӣ?», «Гуҳари ишқ», «Дил куҷо буд» ва ғайра), сурудҳо бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ («Дил», «Ҷудо дил», «Дило, аз ишқ лабрезӣ», «Сияҳчашмак» ва ғайра). Ду сюитаи овозию рақсӣ ба шеърҳои Салими Хатлонӣ. Асарҳои созӣ (фантазияҳои «Гулсуман» барои рубоб бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ, «Нози дилбар» барои рубоб ва фортепиано, ҳарду бо ҳаммуаллифии К. Тушинок), пиесаҳои «Наргис», «Савти Борбад», «Навои Бедак»-ҳар се барои ансамбли рубобнавозон ва якчанд пиесаҳои хурд барои рубоб ва фортепиано ва ғ. 21 этюдҳои хушоҳанг, ки соли 1966 аз тарафи нашриёти «Маориф» бо номи «Этюдҳои хушоҳанг» чоп шуд. Сурудҳои бачагонаи Ҷӯрахон Обидпур дар ин бахш мавқеи босазое доранд. Ӯ зиёда аз 100 суруди бачагона (синни томактабӣ ва мактабӣ) эҷод намудааст, ки ҳама дар шакли китобу маҷмӯа аз чоп барормадаанд: «Ману тарона», (2005), «Боғчаи мо» (2007), «Шодии дил» (2012), китобҳои дарсии «Суруд ва мусиқӣ» (синфи 4 — 2007, 2014, 2018; синфи 1 — 2008, 2015, 2018) ва ғ.[1]
Обидпур ягона композитори муосир аст, ки ба 17 шеъри худаш оҳанг бастааст. Сурудҳои бачагонаи «Бузғола», «Алла», «Барфак», «Фасли баҳор», «Соли нав», «Китоб», «Меҳргон», «Гули лола», «Боғча» ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Сурудҳои эҷодкардаи Ҷӯрахон Обидпур аз ҷониби овозхонони шинохтаи ҷумҳурӣ Н. Рауфова, М. Эргашева, Н. Раҳматова, С. Қосимова, Д. Холов, М. Набиева, Т. Муҳиддинов, М. Ҳамроқулова, Б. Маҳмадқулов, А. Мирраҷабов, С. Нуруллоев ва диг. иҷро гардида, дар фонди тилоии радиои тоҷик сабт шудаанд. [4]
Осор
вироишОбидпур муаллифи чандин китобҳои дарсӣ («Дарси рубоб», 1969, 1982, «Мактаби омӯзиши чанг» бо ҳаммуаллифии Ш. Ҳоҷиев, 2010), дастуру маҷмӯаҳо («Чаманоро», 1986, «Савтҳои борбадӣ», 1990, «Этюдҳои хушоҳанг», 1996, «Гулбонги рубоб», 2000, «Савту навои рубоб», 2014 ва ғайра), барномаҳои таълимӣ («Рубоби қошғарӣ» барои мактабҳои олӣ, 1986, «Рубоби қошғарӣ ва бадахшӣ» барои мактабҳои мусиқӣ, 1988, «Рубоби прима» барои мактаби олӣ, 1988) мебошад. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ аст. Обидпур ба таълифоти як зумра олимон такя карда, комил набудани вазни арӯзро дар шеъри тоҷикӣ бо далелу бурҳон исбот карда, дар ин бахш се рисолаи мусиқӣ таълиф намудааст: «Шеър оҳанг аст» (2002), «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» (2008) ва «Кашшофӣ» дар шеъри устод Рӯдакӣ" (маҷаллаи «Душанбе», 2016 № 7,8).
Ҷӯрахон Обидпур таъкид мекунад, ки
«Шеър дар пояи ритм (усул)-и мусиқӣ иншо мешавад, чунки тақти мусиқиву шеър якхелаанд».— Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 268-272. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2
Ҷоизаҳо
вироишБо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1958) ва Ифтихорномаҳои фахрии Вазорати маданияти СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
- Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (2024)
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 268—272. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2
- ↑ Шодбошӣ.Ҷӯрахон Обидпур(тоҷ.). www.pitfi.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 августи 2020.
- ↑ Ҳалимов Н. Соҳибҳунар. — Душанбе: Эр-граф, 2010. — С. 48
- ↑ Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011. С 127