Алексей Бесперстов

Алексей Тарасович Бесперстов (28.3.1923, деҳаи Богдановкаи вилояти Самара – 2008, ш. Волгоград, Россия), рассом, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1983). Соли 1943 Омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявии ш. Душанберо хатм намуда, дар ҳамин ҷо то соли 1983 муаллимӣ кардааст. Аз соли 1990 то поёни умр дар ш. Волгогради Федератсияи Россия зиндагӣ дошт. Аз овони ҷавонӣ ҳаёти мардуми тоҷикро хуб омӯхтааст. Тамоми асарҳояш зарофати миллӣ доранд. Дар санъати чеҳранигорӣ, манзараофарӣ ва натюрморткашӣ маҳорати баланд дошт. Зиндагии мардумамонро дар ҳамбастагӣ бо табиат воқеӣ таҷассум менамуд, доираи тасвироташ васеъ аст. Мусаввараҳои «Деҳаи Зиддӣ », «Қуллаҳои Такоб», «Роҳи деҳот», «Роҳи оббурда», «Говдӯшони ғармӣ» «Говдӯш Ҷумъагул», «Деҳкадае дар дашт», «Рӯзи тира» ва ғ. арзу тӯли санъати тасвирии тоҷикро фарохтар сохтаанд. Дар асарҳои Б. рӯҳияву ғалаёни ботинии қаҳрамонон бо атрофиён тавъам нишон дода шудааст. Эҷодиёташ аз лиризм саршор мебошад. Бо ордену медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Алексей Тарасович Бесперстов
Таърихи таваллуд 28 март 1923(1923-03-28)
Зодгоҳ: вилояти Самара, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2008
Маҳалли даргузашт Волгоград, Русия
Шаҳрвандӣ  Русия

Сарчашма

вироиш