Алексей Дьяков
Алексей Дяков Михайлович- дар мавзеъи Лучакови губернияи Твер таваллуд шудааст. Ходими сиёсӣ, ки дар зиндагии халқи Бадахшон ва Тоҷикистон, дар барпо намудани ҳокимияти шуравӣ дар Помир шуғл варзидааст. Дар арафаи инқилоби февралӣ узви РСДР (П) мегардад. Баъди хондан дар донишгоҳи Томск чун муборизи фаъол шомили ҳайати инкилобчиҳо гардид. Соли 1920 ба Москва омада факултаи тибии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм мекунад. Баъди хатми он ба Осиёи Миёна меояд, ки дар ин ҷо бародараш Таричан Михайлович Дяков дар мақомоти ВИК кор мекард. Соли 1921 чун табиби ҳарбӣ дар ҳайати сегонаи ҳарбӣ - сиёсӣ ба Помир омад. Соли 1923 чун табиби ҳарбӣ дар Тошканд кор кард. Сипас мудири шуъбаи тахтонии ташвиқоту тарғиботи КМ ВКП (б) Туркистон интихоб гардида, якбора сардори шуъбаи тоҷикии донишгоҳи коммунстии Осиёмиёнагиро низ ба уҳда дошта, барои таъсиси Дорулмуаллимини тоҷик (ш. Тошканд) хидматҳои сазовор кард.
Соли 1924 комиссари халқии тандурустии ҶМШС Тоҷикистон интихоб шуда,дар айни ҳол шуъбаи ташкилии ҳизбии бюрои ташкили КМ ВКП (б) –и Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро уҳдабарӣ мекард.
Сипас ӯ худро куллан ба омӯзиши таърихи Ҳинду Осиёи Марказӣ бахшид. Доктори илми таърих, мудири сектори Пажӯҳишгохи АИ ИҶШС, устоди донишгоҳи давлатии Москва, муаллифи силсилаи мақолаҳо ва монографияҳо дар тайёр кардани кадрҳои тоҷик равнақи илм дар Тоҷикистон хидматҳои босазое дорад.