Вилояти Суғд

вилоят дар Тоҷикистон
(Тағйири масир аз Вилояти Ленинобод)

Вилояти Суғд (собиқ вилояти Ленинобод) — вилоятест дар шимоли Тоҷикистон. Марказаш шаҳри Хуҷанд мебошад. Аҳолӣ – 2 823 900 нафар (соли 2022).

Вилояти Суғд
Кишвар  Тоҷикистон
Маркази маъмурӣ  Хуҷанд
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 27 октябр 1939
Масоҳат 25 200 км² (17,8 %, 3-ум ҷой)
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2 823 900[2] нафар (2022)(28,6 %, 2-ум ҷой)
Зичӣ 112,1 нафар/км²
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо, қирғизҳо ва ғ.
Мазҳаб мусулмонон ва ғ.
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ-SU
Шохисии FIPS TI03
Коди телефон 3422
Нишонаи почта 735700
Коди мошинҳо 02РТ
Вилояти Суғд дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофия

вироиш

Дар харитаи географии ҷаҳон вилояти Суғд минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ёфтааст. Ҳудуди вилоятро асосан кӯҳҳо ташкил медиҳад. Дар шимол каторкуҳҳои Қурама (баландиаш 3769 м) ва Муғул (1624 м) ҷойгир шудааст, ки ба силсилаи кӯҳҳои Тиён-шон дохил мешавад. Самти ҷануби бо силсилакӯҳҳои Туркистон (5509 м), Зарафшон( 5489 м) ва Ҳисор банд мебошад, ки ба силсилаи куҳҳои Ҳисору Олой мансуб аст. Байни силсилакӯҳҳои Қурама ва Туркистон, ғарбии водии Фарғона мавқеъ дорад, ки аз он дарёи Сир мегузарад. Қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшонро водии Фарғона аз ҳам ҷудо мекунад.

Дарёҳо — Сирдарё бо ҷорӣ шудани Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва ғайра. Ҳамчунин Зарафшон бо шохобҳояш Фондарё, Кштут, Мағиён, ки дорои пиряхҳои барфӣ буда захираи калони гидроэнергетикӣ дорад ва барои обёрии заминҳо истифода бурда мешавад.

Кӯлҳои калонтарин: Искандаркӯл ва Оқсуқон. Хокҳои қисми ҳамворигӣ-хокистарранги кушод, дар кӯҳҳо хокистарранги тира бартарӣ доранд, ки онҳо тадриҷан ба хокҳои ҷигартоб, хокҳои кӯҳӣ-бешагӣ ва хокҳои марғзории кӯҳӣ иваз мешаванд. Олами рустаниҳои минтақаро рустаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ ташкил медиҳанд; явшан(шибоғ), хори пои уштур, дар водиҳои дарёҳо ба миқдори кам тӯқайзорҳо боқӣ мондаанд.

Дар нишебии қатокӯҳҳо то баландии 1000 м рустаниҳои шибоғу шӯрагиҳо ва дар баландии 1500-1700 м ва зиёдтар аз он рустаниҳои гуногуни кӯҳи ҳастанд. Минтақаҳои субалпӣ ва алпӣ дар баландии 2500-300м ҷойгиранд. Олами ҳайвонот; аз ширхӯрон, рӯбоҳ, шағол, заргӯш, барсук, хуки ёбоӣ, бузи кӯҳӣ, барси барфӣ дида мешаванд. Дар дарёву кӯлҳои вилоят гуломоҳӣ, зағормоҳӣ, лаққамоҳӣ ва бурутмоҳии туркӣ, ширмоҳӣ, зиндагӣ доранд.

Иқлим

вироиш

Иқлимаш хушк. Зимистон на он қадар сард (ҳарорати миёна моҳи январ -1,1), тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл +28); бориши солона -150 мм, дар чойҳо 300 мм дар як сол. Баъзан шамоли гарму хушк мевазад. Дар кӯҳҳо, баландии тахмин 1000 м сардтар (ҳарорати миёнаи моҳи январ -4 ва июл +26), бориш зиёда аз 400мм дар сол; дар баландии 2500 м ҳарорати миёнаи моҳи январ -9, июл +15, бориши солона то 800 мм.

Таърих

вироиш

Мардум

вироиш

Аз рӯи маълумоти омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бино бар саршумори соли 2016, шумораи аҳолии вилояти Суғд 2 511 000 кас буда, ки 29,4 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 621,8 ҳазор нафар (24,8 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 1889,2 ҳазор нафар (75,2 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 99,6 кас бар км² аст.[3] Мардуми Суғд ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд.

Аҳолӣ (ҳаз. нафар)
сол 1989 1995 1998 1999 2000 2005 2010 2015 2020
умумӣ 1554,2 1740,8 1811,3 1842,1 1871,9
аҳолии шарҳҳо 522,4 522,5 502,0 499,3 497,3
аҳолии деҳот 1031,8 1218,3 1309,3 1342,8 1374,6

Бахшбандӣ

вироиш

Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд 8 шаҳр, 23 шаҳрак, 14 ноҳия ва 93 ҷамоат дорад[4]

Шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд[4]
Номи воҳиди идорӣ Аҳолӣ,

2016

Аҳолӣ,

2019

Аҳолӣ,

2020

Паҳно
ҳазор км²
Зичии
аҳолӣ
кас/км²
шаҳри Хуҷанд 175,4 181,6 183,6 0,0 87,3
шаҳри Истаравшан 61,2 64,6 65,6
шаҳри Исфара 47,8 50,7 51,7
шаҳри Гулистон 47,5 48,2 49,2
шаҳри Конибодом 50,4 52,2 52,5
шаҳри Панҷакент 41,2 42,8 43,3
шаҳри Истиқлол 16,4 17,3 17,6
шаҳри Бӯстон 33,5 36,0 36,9
ноҳияи Айнӣ 78,3 82,3 83,6 5,2 15,1
ноҳияи Ашт 155,2 164,8 168,1 2,8 55,4
ноҳияи Ғафуров 355,0 374,3 380,5 2,7 131,5
ноҳияи Деваштич 158,3 169,6 180,8 1,6 98,9
ноҳияи Зафаробод 69,2 74,2 75,4 0,5 173,0
ноҳияи Истаравшан * 190,2 268,1 273,5 0,7 359,1
ноҳияи Исфара * 208,4 269,6 274 0,9 320,2
ноҳияи Конибодом * 149,1 208,4 211,1 0,8 249,4
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 23,1 24,7 25,4 3,7 6,2
ноҳияи Масчоҳ 117,0 125,3 128,4 1,0 117,0
ноҳияи Панҷакент * 237,2 296,8 303 3,7 75,2
ноҳияи Расулов 127,8 135,3 137,7 0,3 426,0
ноҳияи Спитаман 131,7 139,2 141,6 0,4 329,2
ноҳияи Шаҳристон 39,5 42,7 43,7 1,2 35,9
Ҳамагӣ 2511,0 2658,4 2707,3 25,2 99,6
* ҳамроҳ бо шаҳрҳои тобеи вилоят


Иқтисодиёт

вироиш

Саноат

вироиш

Дар вилоят минтақаи озоди истеҳсолӣ-инвеститсионии "Суғд" амал карда истодааст. Соли 2015 аз 613 корхонаҳои саноатӣ 340 корхона 73 корхона ё ки 11,9 фоиз фаъолият накарданд. Сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани маҳсулоти истеҳсолшуда мебошанд. Соли 2015 ифтитоҳи корхонаву коргоҳҳои коркарди шири “Порсои Хуҷанд”, коргоҳҳои истеҳсоли “Металлоконструксияҳо”, “Сендвич-панел” ва “Комбикорм”-и ҶДММ “Фаровон-1”, фабрикаи мурғпарварии “Дӯстон-1”, корхонаи “Рукнобод”, коргоҳи дуюми заршӯйии КМ ”Зарафшон”, “Ресандаи Хуҷанд”ва ҶДММ “Арча” рӯй дод. Айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калон, аз ҷумла сохтмони корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" дар ноҳияи Ғафуров барои 1500 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1500 ҷойи корӣ, ҶДММ "Нуқрафом" дар шаҳри Истиқлол, ҶСП «Норд Азия Металл», ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен ва “Нафтрасон” дар шаҳри Конибодом ба итмом расидааст. Соли 2015 Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тилои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тило дар як сол расонида мешавад.[5] 24 марти соли 2016 Корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" — дар ноҳияи Ғафуров ва Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтаанд.[6][7]

Кишоварзӣ

вироиш

Дар соҳаи кишоварзӣ ҳар сол, дар маҷмӯъ зиёда аз 268,4 ҳазор гектар заминҳо кишт карда мешаванд, ки маҳсулоти пахтаву ғалладона, сабзавоту мева ва диг. истеҳсол мекунанд. Дар вилоят (с.2015) 604,3 ҳазор сар чорвои калони шохдор, зиёда аз 1,4 млн. сар гӯсфанду буз ва 1,7 млн. сар парранда парвариш карда мешаванд.[8] Соли 2020 саршумори чорвои калони шохдор дар миқёси вилояти Суғд ба 669 ҳазору 710 сар расонида шуда, саршумори чорвои майда ба 1 миллиону 574 ҳазору 769 сар баробар гардид.[9]

Дар вилояти Суғд дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” боғпарварону токпарварон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қариб 4 ҳазору 360 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Давоми 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҷойи 2076 гектар бештар аз 5 ҳазор гектар майдони боғоти куҳна барқарор гардида, илова бар ин, дар муддати 5 сол 207 гектар боғи интенсивӣ, аз ҷумла себ, олу, зардолу, шафтолу, сиёҳолу, гелос, нок, бодом, чормағз ва биҳӣ бунёд карда шудааст ва ҳудуди 373 гектар майдони токзорҳои куҳна барқарор ва 351 гектар токзори нав бунёд шудааст.[10]

Нақлиёт

вироиш

18 октябр соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент ба истифода дода шуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд.[11]

Омӯзишу парвариш

вироиш

Вилояти Суғд кӯдакистон, мактаби рӯзонаи таҳсилоти умумӣ, мактаби миёнаи касбӣ ва донишгоҳ дорад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров‎ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон‎ таълимгоҳҳои бонуфузи вилоят ва ҷумҳурӣ мебошанд.

Ниҳодҳои фарҳангӣ

вироиш

Дар вилоят фарҳангсаройҳои бошукӯҳи Қасри Арбоб ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Ашт, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии вилоят иборат аз Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷанд, шаҳркадаи бостонии Саразм, Шаҳраки Панҷакенти қадим, Мамнунгоҳ-осорхонаи бостоншиносии Панҷакент, Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маҷмааи таърихӣ - меъмории Шайх Муслиҳиддин, Масҷиди мадрасаи Абдуллохон, Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шаҳри Шаҳристони қадим – Қаҳқаҳа, Манораҳои саргаҳи Зарафшон ва диг. ниҳодҳои таърихиву фарҳангиро дар бар мегирад. Соли 2016 дар зодгоҳи Ниқибхон Туғрал, деҳаи Зосун маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Ниқибхон Туғрал адр шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сохта шуданд.[12]

Воситаҳои ахбори умум

вироиш

Дар вилоят нашрияҳои даврӣ ба монандӣ:

Азбаски забони ӯзбекӣ дар шимол ва ғарби кишвар мавриди истифода қарор гирифтааст[13], рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» бо забони ӯзбекӣ чоп мешавад.

Беҳдошту беҳзистӣ

вироиш

Дар Барномаи вилоятии “Соли 2016 — Соли фарди солим” пешбинӣ шудаанд, сохтмони 23 адад иншооти тандурустӣ ба маблағи 5,3 млн. сомонӣ ва таъмиру тармими 57 адад муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 21,1 млн. сомонӣ дар ҳудуди вилоят дар назар аст.

Табиати вилояти Суғдро наметавон бе истифодаи такрор ба такрор аз вожаҳои «беназир» ва «беҳамто» тавсиф кард. Мавзеи Искандаркӯл ҳамчун марвориди беназир дар иҳотаи кӯҳҳои Фон, маҳалли дилписанди сайёҳон аз саросари ҷаҳон аст. Кӯлҳои Марғзор низ беҳамтоанд ва ин мавзеъ дар зебоӣ ягонаву якто мебошад, зеро ҳар яке аз кӯлҳои номбурда муҳраи гаронбаҳоеро дар гарданбанди зебо мемонад. Ҳафт кӯли пайваста дорои рангҳои гуногун аст. Дигар ҷойҳои писандидаи мардум Баҳри тоҷик дар Гулистон, шаҳрҳои қадимаи Панҷакент, Исфара ва Конибодом ки дорои осорхона, масҷиду мадрасаҳои куҳан, зиёратгоҳҳои муътабар мебошанд.

Ҷойҳои диданиҳои вилоят:

Ҷозибаҳои фарҳангӣ

вироиш

Ҷозибаҳои табиъӣ

вироиш

Дар вилояти Суғд минтақаҳое ҳастанд, ки олами набототи он ҳанӯз омухтанашудаву дастнахӯрда аст. Обу ҳавои чунин минтақаҳо ба сабаби душворгузар ва дурдаст будан аз маҳалҳои маскунӣ ва набудани роҳҳои мошингард поку гуворост. Дар яке аз ин минтақаҳо мардуми яғноб зиндагонӣ мекунад.

Пайвандҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 15 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 Бойгонӣ шудааст 2 июли 2015  сол..
  4. 4.0 4.1 «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.. 5 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  5. Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”. 30 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  6. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016. 30 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Декабри 2020.
  7. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016(пайванди дастнорас)
  8. Сомонаи расмии ҳукумати вилояти Суғд. 5 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 марти 2016.
  9. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. 4 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2021.
  10. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд. 4 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2021.
  11. Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент. 30 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  12. Ватанамонробоз ҳам шукуфон хоҳем кард//Тоҷикистон, 7 сентябри с. 2016
  13. Тоҷикистон: Вилоятҳо ва ноҳияҳо Бойгонӣ шудааст 4 май 2019  сол. // The embassy of the Republic of Tajikistan in the Islamic Republic Iran
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: