Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ (29 октябри 1950, деҳаи Нигнот, ноҳияи Панҷакент) — адабиётшинос-шарқшинос ва шоири тоҷик.

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ
Таърихи таваллуд: 29 октябр 1950(1950-10-29) (74 сол)
Зодгоҳ: Панҷакент
Навъи фаъолият: адабиётшинос

Зиндагинома

вироиш

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 29 октябри соли 1950 дар Панҷакент таваллуд шудааст. Хатмкардаи УДТ (1972). Пас аз хатми таҳсил корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ҶТ. Аз соли 2000 мудири Шуъбаи матншиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ. Алли Муҳаммадии Хуросонӣ дар бахши таҳқиқу адабиётшиносӣ, танқиди адабӣ, ба чоп омода сохтани матни осори гузаштагон, инчунин таълифи осори бадеӣ (шеърҳо) фаъолият менамояд.

Таълифот

вироиш

Ба қалами ӯ беш аз 150 асар, аз он ҷумла китобу монографияҳо, мақолаҳои илмии дар нашрияҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Россия, ӯзбекистон батабърасида тааллуқ доранд. Барои рисолаи «Нома ва номанигорӣ дар „Шоҳнома“-и Фирдавсӣ» (Т., бидуни соли нашр; ҳамроҳи Ҷ. Назрӣ) ба гирифтани Ҷоизаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Душанбе ба номи Афсаҳзод мушарраф гардид (2003). Маҷмӯаи мақолаҳояш «Меҳру муштарӣ» (2010) ба масъалаҳои камомӯхтаи адабиёти классикии форс-тоҷик бахшида шудааст. Дар китобҳои таҳиянамуда ва мураттабнамудааш («Гулшани адаб», 1980; «Шоирони Мовароуннаҳр», 2006) ҳунари ӯ чун муҳаққиқ ва матншинос зоҳир гардидааст. Соли 2008 ба муносибати 1150-солагии Рӯдакӣ матни таҳиянамудаи Алли Муҳаммадии Хуросонӣ «Девони ашъор»-и Рӯдакӣ ба табъ расид. Алли Муҳаммадии Хуросонӣ матншиноси серкору пухтакор мебошад. ӯ матнҳои «Девони форсӣ»-и Навоӣ-Фонӣ (1987), «Соати саъд»-и Мирзолатиф Раҳимзода (1997), «Илоҳинома»-и Аттор (2000), «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ (2001; ҳамроҳи Б. Ализода). «Гузидаи ғазалиёт»-и Маҷнуни Зарободӣ (2002), «Муфоиз-ул-анвор ва девони ашъор»-и Абулҳайи Муҷихарфӣ (ҳамроҳи Бӯрӣ Карим) (М., 2003), «Ҳазору як андарз»-и Низомии Ганҷавӣ, "Ҳикоёт ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол (ҳар се 2007), «Панднома. Футувватнома. Ҳикоёт аз маснавиҳо»-и Аттор (2008), «Девони Кабир»-и Ҷалолуддини Румиро (2007 — 09) бо муқаддимаҳои муфассали илмӣ, шарҳҳову тавзеҳоти муфид дар чор ҷилд омода карда, ба табъ расондааст. Бо роҳбарии Алли Муҳаммадии Хуросонӣ чор нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Алли Муҳаммадии Хуросонӣ аз соли 2002 котиби масъули «Ахбори АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ» мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори Алли Муҳаммадии Хуросонӣ бо номҳои «Чашмаи нӯш» (1997), «Майи гулгун» (2002), «Насими тавҳид» (2004), «Вусъати ишқ» (2009) ва «Шукуфаҳои сабзи баҳор» (2010) чоп шудаанд. Мавзӯъҳои ашъораш ишқу муҳаббат, меҳри Ватан, тараннуми ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон ва ғайра мебошад. ӯ шоирест, ки «илмро бо шеър ва шеърро бо илм мепайвандад» (Р. Ҳодизода). Шеърҳояш дар Эрон, Афғонистон, ӯзбкистон, Россия дастраси хонандагон гардидаанд. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1999.

Сарчашма

вироиш