Алии Разавӣ
Алии Разавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).
Зодгоҳ: | Хуросон |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагиома
вироишДар Хуросон ба дунё омада, ба синни камолот расидаст. Сипас, боқии умрашро дар Исфаҳон гузаронд. Малеҳои Самарқандӣ дар «Музаккир-ул-асҳоб» аз ӯ чун шоири дорои табъи салим, шеърҳои пурмазмуну мавзун, маъниҳои бикру баланд ёдовар шудааст. Дар шеър ба Шавкати Бухороӣ пайравӣ мекардааст. Намунаҳои ашъораш ба воситаи тазкираҳо (масалан дар «Музакир-ул-асҳоб» 16 байт) то замони мо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:
- Оҳи ман охир ба васли муддаое мерасад,
- Аз сари дил ҳар кӣ мехезад, ба ҷое мерасад.
- Дар синаам афрӯхта ҳиҷрони ту доғе,
- К-аз гармии он шуъла бувад дуди чароғе.
- Наққоши парихонаи тасвири ту нагзошт,
- Ранге ба рухе, бӯ ба гуле, май ба аёғе.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тазкирату-ш-шуарои Малеҳои Самарқандӣ. — Д., 1385 ҳ. ш.
Сарчашма
вироиш- Алии Разавӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.