Алимент (лот. alimentum, ғизо) — чора (пулӣ ва ё молӣ) барои таъмини ҳаёти фарзанди ноболиғ аз тарафи яке аз волидон ба дигаре ё аз фарзанди болиғ ба волидони пиргашта қонун ба пардохт водор мекунад. Ин кор метавон ихтиёрӣ ё маҷбур ба воситаи Суд ситонда шавад.

Тафсир

вироиш

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он никоҳеро эътироф мекунад, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудаасг. Барои уҳдадории таъминоти моддии якдигарии зану шавҳар, ки қисми 1 моддаи КО ҶТ пешбинӣ кардааст, танҳо нисбати зану шавҳари дар никоҳи расмӣ буда дахл дорад. Кӯмаки моддии якдигар аз лаҳзаи бастани акди никоҳи расмӣ паӣдо мегардад, яъне ин тартиб нисбати дар никоҳи воқеӣ будани зану мард новобаста аз тӯлонӣ будани зиндагии якҷоя татбиқ намегардад. Кӯмаки моддии якдигарии зану шавҳар ба таври ихтиёрӣ ё дар асоси бастани созишномаи пардохти алимент анҷом ёфтанаш мумкин аст. Хангоми саркашӣ намудан аз дастгирии моддӣ ва набудани созишнома дар бораи пардохти алимент баӣни зану шавҳар қонунгузор тартиби судии пардохти алиментро пешбинӣ намудааст. Қисми 2 моддаи 90 КО ҶТ шартҳои мушаххасро номбар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо ҳуқуқи талаб кардани алимент аз ҷониби зан ё шавҳар асоснок мебошад. Пеш аз ҳама, ҳамсари алиментсупоранда барои ин мақсад бояд маблағи зарурӣ дошта бошад, чунки расонидани кумаки моддӣ ба ҳамсари дигар набояд вазъи моддӣ ва таъминоти ӯро ба таври пурра аз ҳад паст намояд.Яке аз шартҳои талаб кардани пардохти алимент аз ҷониби зан ё шавҳар дар ҳолати ғаӣри қобили меҳнат ва эҳтиёҷманд будани онҳо пешбинӣ шудааст. Шахси ғаӣри қобили меҳнат ҳангоми расидан ба синну соли нафақа, маьюби гурӯҳи 1,2,3 шудан эътироф мегардад. Эҳтиёҷманд будани зан ё шавҳари ғаӣри қобили меҳнат дар ҳар як ҳолати мушаххас аз ҷониби суд муаӣян карда мешавад. Дар муаӣян кардани ҳолати номбурда надоштани даромади мустақил (нафақапулӣ, ёрдампулӣ ва ғаӣра) ва дигар сарчашмаҳои даромад, ки аз он рӯзгузаронии шахс вобастагӣ дорад, таъсир расониданаш мумкин аст. Шарти дигари мустақили талаб кардани пардохти алимент аз ҳимояи модар ва кӯдак иборат аст. Пардохти алимент аз ҳамсари дигар ба ҳомиладории зан ва таваллуди кӯдаки умумӣ вобастагӣ дорад. Зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ новобаста аз ғаӣри қобили меҳнат будан ё набудан ва эҳтиёҷмандӣ ҳуқуқи бо роҳи судӣ талаб кардани пардохти алиментро дорад. Дар ин маврид муҳлати гирифтани алимент муаӣян мебошад. Ҳомиладории зан бо маълумотномаи духтур, таваллуд ва синну соли кӯдак бо шаҳодатномаи таваллуди кӯдак тасдиқ мегардад. Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки зану шавҳар дар никоҳи расмӣ мебошанд, яъне дигар далели тасдиқкунанда шаҳодатномаи никоҳ мебошад. Агар падарӣ бо роҳи ихтиёран эътироф намудан ва муқаррар кардани падарӣ бо роҳи судӣ анҷом ёбад, он гоҳ чунин модари дар никоҳ набуда ҳуқук ба ин намуди алиментро надорад. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини волидон таъминоти фарзандонашон мебошад, чунки алимент барои кӯдакон воситаи асосии рӯзгузаронӣ аст. Волидони дар никоҳ буда, инчунин падар ва модари кӯдаке, ки никоҳашон бекор карда шудааст, барои таъминоти кӯдакашон уҳдадор мебошанд. Уҳдадории алиментдиҳии падаре, ки кӯдакаш аз зиндагии воқеӣ бо модари ӯ таваллуд шудааст, пас аз муқаррар кардани асоси ҳуқуқии муносибат баӣни онҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид падарӣ нисбати кӯдак ба таври ихтиёрӣ, ё ин ки бо роҳи судӣ муқаррар карда мешавад. Қонунгузор ба волидон имконияти мустақилона муаӣян намудани андоза,тартиб ва шакли таъминоти фарзандонашонро додааст. Чунин ба низом даровардани муносибатҳои алиментӣ аз тағӣироти куллие, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ вобаста ба гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ ба вуқӯъ меоянд, вобастагӣ дорад. Пас танҳо бо роҳи императивӣ ҳал намудани ӯхдадориҳои алиментдиҳии волидон барои таъминоти кӯдаконаш дар чунин шароит на ҳама вақт пурра ба манфиати ҳам волидон ва ҳам кӯдакон мебошад. Дар мавриди мустақилона ҳал намудани таъминот ва ихтиёрона ба мувофиқа омадани волидон онҳо метавонанд дар асоси боби 16 ҳамин Кодекс баӣни худ дар хусуси пардохти алимент созишнома банданд. Ҳангоми бастани ин созишнома ҳатман манфиати кӯдак ба инобат гирифта мешавад. Дар мавриди ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби волидон таъмин накардани фарзанд ва баӣни тарафҳо набудани созишномаи пардохти алимент, чунин таъминот бо роҳи судӣ аз ҳисоби волидон ба манфиати кӯдакони онҳо рӯёнида мешавад. Тартиби муроҷиат ба судро қонуни мурофиавии шаҳрвандон ба танзим медарорад. Барои аз ҷониби волидон (яке аз онҳо) ба кӯдакони ноболиғ рӯёнидани алимент яке аз волидон, васиёну парасторон, маъмурияти муассисаҳои тарбиявӣ ва монанди он, ки кӯдак дар он тарбия меёбад, ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро доранд. Муроҷиати онҳо дар суд ҳамон вақт дастгирӣ меёбад, ки агар созишномаи пардохти алимент набошад. Дар мавриди ҷоӣ доштани созишномаи пардохти алимент ва бо ҳар гуна сабаб иҷро нашуданаш созишномаи мазкур эътибори варақаи иҷроро дорад ва маҷбуран иҷро карда мешавад. Агар доир ба ин созишнома баҳс ҷоӣ дошта бошад, танҳо пас аз ҷониби суд беэътибор ё бекор эътироф кардани он масъалаи рӯёнидани алимент ба тариқи судӣ ҳалли худро меёбад. Дар қисми 4 моддаи 80 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузор махсус ҳолатҳоеро номбар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқи нисбати волидон (яке аз онҳо) оид ба рӯёнидани алимент барои кӯдакони ноболиғ ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳолатҳои номбурдаи қонун - набудани созишнома оид ба пардохти алимент; аз ҷониби волидон таъмин накардани кӯдакони ноболиғ; ба суд пешниҳод накардани даъво нишон дода шудааст. Дар мавриди мавҷуд будани ин се ҳолат дар якҷоягӣ асос шуда метавонад, ки мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқи номбурдаашро анҷом диҳад.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.35-36