Даъво — воситаи ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (юридикӣ) мебошад, ки ҳангоми вайрон кардан ё мавриди баҳс будани он (ҳуқуқу манфиатҳо) истифода карда мешавад. Даъво ба маънои мурофиавиаш муроҷиати шахсро ба суд баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояш мефаҳмонад. Даъво дар шакли аризаи даъвогар ба суд пешниҳод карда мешавад. Дар асоси даъво суд кори гражданӣ, хоҷагиро (иқтисодиро) огоз намуда, онро баррасӣ менамояд. КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 133) КМХ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 102) нисбати шакл ва мазмуни аризаи даъво талаботи муайян пешниҳод кардааст. Аризаи даъво ба тариқи хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Дар аризаи даъво номи суде, ки ба он ариза дода мешавад, номи даъвогару ҷавобгар ва суроғаи онҳо, ҳолатҳои воқеии баҳс, далелҳои исботи даъво, талаби даъвогар, нархи даъво, ба шарте ки ба даъво баҳо дода шавад, рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки ба ариза ҳамроҳ карда мешавад, дохил мешаванд. Аризаи даъво (моддаи 134) ба суд мувофиқи шумораи ҷавобгарон бо нусхаҳояш ба суд супорида мешавад. Ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ (моддаи 103 КМХ Ҷумҳурии Тоҷикистон) даъвогар вазифадор аст, ки нусхаҳои аризаи даъворо ба ҷавобгарон фиристад. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун шахси муроҷиаткунанда (шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ) боҷи давлатӣ месупорад, ки он бо ҳуҷҷатҳои бонкӣ тасдиқ ёфта, ба аризаи даъво ҳамроҳ карда мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 150-151