Алиназар Пирназаров

номзади илмҳои математика

Алиназар Турдиназарович Пирназаров (тав.12.03.1957, деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ваф. 20.08.2020, ш. Душанбе), номзади илмҳои математика.

Алиназар Пирназаров
Алиназар Турдиназарович Пирназаров
Таърихи таваллуд 12 март 1957(1957-03-12)
Зодгоҳ ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 20 август 2020(2020-08-20) (63 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ математика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1974-1979 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буд. Солҳои 1979- 1991 омӯзгори кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои МТМ-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, солҳои 1991-2002 ба сифати омӯзгори калони кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии ҳамин муассиса фаъолият кардааст. Солҳои 2002-2004 муаллими калони кафедраи математикаи олии ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, солҳои 2004-2008 омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва технологияи ДДТТ, солҳои 2008-2011 сардори шуъбаи низоми кредитии ДДОТ ба номи С. Айнӣ буд. Соли 2009 рисолаи номзадиро дифоъ намуда, солҳои 2011-2014 дар вазифаи дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияи ДДТТ кор кардааст. Аз соли 2014-2016 мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буд. Аз соли 2016-2019 ба ҳайси дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ фаъолият кардааст. Аз соли 2019 то охири умр ба ҳайси дотсенти кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Муаллифи 180 кори илмию методӣ ва 30 дастури таълимӣ мебошад.

  • Математика. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои омӯзгории мактабҳои олӣ. (бо ҳаммуаллифӣ). Д., 2006;
  • Маҷмуаи таълимӣ методӣ аз фанни математика. (васоити таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои омӯзгории донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ) (бо ҳаммуаллифӣ). Д., 2015;
  • Курси мухтасари математика ва машқҳо барои корҳои мустақилона. (васоити таълмӣ барои донишҷӯёни таълими ѓоибона бо ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидоии факултаи омӯзгории мактабҳои олӣ). (бо ҳаммуаллифӣ). Д,. 2015;

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ