Алиток — ангури сиёҳ, навъе аз ангурҳои миёнсолии маҳаллӣ; селексияи халқист. Токаш зудсабз, навдаҳояш ғафси дорчинӣ, баргаш миёнаҳаҷм ё калон, гирдаи панҷпарра, чоки байни парраҳояш чуқур, рӯяш суфтаи ҷилодор ё чин-чини тӯр-тӯр ва бепашмак. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калон (дарозиаш 20 – 30 см, бараш 15 – 20 см, вазнаш 465 – 490 г)-и махрутшакл, шингилҳои болоияш инкишофёфта. Ғужбаш зич, миёнаҳаҷм, дарозрӯя ё байзашакли нӯгборик, рангаш бунафши сурхча (баъди пурра пухтан бунафши сиёҳтоб мешавад). Ғафсии ғужмаш миёна, мумпардааш ғафс, гӯшташ хамираки сероб, ширину хуштаъм, бӯи хоса дорад. Баъди пурра пухтан, дар таркибаш то 24 % қанд ва 4,8 – 5,3 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Давраи нашваш 145 – 160 рӯз; нимаи май гул карда, нимаи август мепазад. Асосан барои тархӯрӣ ва майкашӣ истифода мебаранд. Ҳангоми хушконидан 24 – 25 % мавизи пастсифат ҳосил мешавад. Токаш тез ба ҳосил медарояд, 22 – 28 фоизи навдаҳояш самаровар. Дар вақти 8 – 7 буғум монда буридани навдаҳояш ҳосили хуб медиҳад. Махсусан дар хокҳои ҳосилхезу сернам нағз нашъунамо мекунад. Ба хушкӣ ва сармо чандон тоб надорад. Ҳоло Алитоқ хеле кам мондааст. Кундаҳои ҷудогонаи токаш дар токзори кӯҳнабунёди деҳаҳои Майкатта, Каттақишлоқ, Чимқӯрғони ноҳияи Панҷакент ва деҳаҳои атрофи шаҳри Самарқанд дучор меояд. Аз касалии гарда, қарасон ва баргпечонаки хӯшаи ток зарар мебинад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда, т. 1, М., 1963;
  • Каталог сортов винограда, Кишинев, 1976.

Сарчашма вироиш