Алиқул Кабирович Тураев (23 майи 1937, деҳаи Булён, ноҳияи Данғара — 25 октябри 1997, Душанбе) — зистшинос, номзади илмҳои биология (1974), дотсент (1977).

Алиқул Тураев
Алиқул Кабирович Тураев
Таърихи таваллуд 23 май 1937(1937-05-23)
Зодгоҳ ноҳияи Қубодиён , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 25 октябр 1997(1997-10-25) (60 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1957—1962 дар факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1959—1960 раиси Шӯрои донишҷӯён, 1961—1962 котиби ташкилоти комсомолӣ, 1962—1963 котиби ташкилоти ҳизби комунистии факултети биология, 1963—1967 муаллими факултети биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1967—1971 дар аспирантураи донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1990—1994 вазифаи мудири кафедраи зоология, 1994—1997 декани факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи зиёда аз 60 корҳои илмию тадқиқотӣ ва илмию методӣ, аз ҷумла «Хояндагони Ҳисору Қаротегин» (1997), дастурҳои таълимӣ оид ба корҳои лабораторӣ аз зоологияи сутунмуҳрадорон (бо ҳаммуаллифӣ) мебошад. Оид ба экология ва паҳншавии хояндаҳои Тоҷикистон дар мисоли ҷайра корҳои илмиву тадқиқотӣ ба анҷом расонидааст. Бо ифтихорномҳои КМ комсомоли Тоҷикистон (1976) ва Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон (1989) сарфароз шудааст.

Пайвандҳо

вироиш