Алкалоидҳо
Алкалоидҳо (аз лотинӣ alkali – ишқор ва юнонӣ oidos – монанд) — навъе аз пайвастҳои органикии нитрогендори наботӣ, ки хосияти асосӣ дошта, таъсири физиологӣ мерасонанд. Дар рустанӣ кашф шудани алкалоидҳо аҳамияти калон дошт, зеро то аввали садаи XIX гумон мерафт, ки моддаҳои наботӣ нитроген надоранд. Соли 1803 алкалоидҳои афюн дар намуди омехтаи моддаҳои кристаллӣ кашф шуд. Соли 1806 аз он алкалоиди морфинро ҷудо карданд. Дар садаи XIX стрихнин, хинин, кофеин, атропин, эфедрин ва ғайра кашф шуданд. Феълан тақрибан 10 ҳазор навъи алкалоидҳо маълум аст. Алкалоидҳо сохти мураккаб ва аксар дар молекулаашон гетеросикл доранд. Вояи зиёди онҳо заҳр аст. Алкалоидҳо дар рустанӣ, одатан, дар намуди намаки кислотаҳои органикӣ, масалан, кислотаҳои оксалат, себ, шароб, лиму ва ғайра мавҷуданд. Бештар рустаниҳои дупаллагӣ (хусусан аз оилаи хашхошиҳо, мураккабгулон, чинорак ва ғайра) алкалоидҳо доранд. Барои ҷудо кардани омехтаи алкалоидҳо аз усулҳои хроматография ва таҳлили химиявӣ истифода мебаранд. Бисёр алкалоидҳо моддаҳои кристаллии беранг ва табиатан пайвастҳои гетеросиклӣ мебошанд (дар сиклашон атоми нитроген доранд). Алкалоидҳои сода аз 10 ва алкалоидҳои мураккаб тақрибан аз 50 атоми карбон иборатанд. Алкалоидҳо бо кислотаҳо (масалан, кислотаҳои сулфат, хлорид, салитсилат, оксалат ва ғайра) намак ҳосил мекунанд. Муқаррар кардани сохти алкалоидҳо душвор аст. Баҳри ин табиати гурӯҳеро, ки атомҳои оксиген ва нит роген дорад, муайян месозанд ва молекуларо то ба порчаҳои сохташон маълум таҷзия менамоянд. Дурустии тасаввурот оид ба сохти алкалоидҳо бо роҳи синтез амалӣ гардонда мешавад. Сохтори чунин моддаҳои мураккаб, масалан, морфин, стрихнин ва резерпин муайян карда шудааст. Гуногунии сохти алкалоидҳо таснифи онҳоро душвор месозад. Дар ин маврид бисёр вақт қисми нитрогендори молекулаи алкалоидҳоро чун аломати асосӣ ба эътибор мегиранд (масалан, ҳосилаи пирролидин, пиридин, хиномен индол ва ғайра). Дар рустанӣ бештар алкалоидҳои сохташон бо ҳам наздик мавҷуданд, бинобар ин, моддаҳоеро, ки сохташон муқаррар нашудааст, аз рӯи гурӯҳи рустанӣ тасниф мекунанд, масалан, алкалоидҳои чатргули заҳрнок, алкалоидҳои авранҷ, алкалоидҳои афюн ва ғайра Дар як рустанӣ, одатан, чанд Алкалоидҳои сохторашон монанд вомехӯранд. Бисёр алкалоидҳо (масалан, кофиен, теобромин, эфедрин, ареколин ва ғайра)-ро бо роҳи синтез ҳосил мекунанд. Дар баъзе мавридҳо алкалоидҳои табиии ҷудокардаро ба дору табдил медиҳанд. Баъзеи онҳо ба силсилаи асаб, рагҳо, мушак ва ғайра таъсири интихобӣ мерасонанд. Масалан, стрихнин ва кофеин системаи марказии асабро меангезад, морфин ва скополамин онро ором месозад; хинин ангезандаи вараҷаро маҳв мекунад; апоморфин хосияти қайоварӣ дорад; теобромин таъсири пешобронӣ зоҳир менамояд. Дар тиб асосан алкалоидҳои холис, намак ва ҳосилаҳои онҳо истифода мешаванд. Дар соҳаи кишоварзӣ Алкалоидҳо чун инсектидсид ба кор мераванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Орехов А. П., Химия алкалоидов, М., 1955;
- Несмеянов А. Н., Несмеянов Н. А., Начало органической химии, т. 2, М., 1970;
- Юнусов С. Ю., Алкалоиды, Ташкент, 1981;
- Самиев М., Методические разработки по теоретическому курсу биоорганической химии, ч. II, Д., 1984;
- Соколов С. Я., Замотаев И. П., Справочник по лекарственным растениям. Фитотерапия, М., 1988;
- Машковский М. Д., Лекарственные средства, М., 2001.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.