Аловиддин Шоинбеков

Аловиддин Абдуллобекович Шоинбеков (тав. 3.01.1970, ноҳияи Роштқалъа), муаррих, номзади илмҳои таърих (2007).

Аловиддин Шоинбеков
Аловиддин Абдуллобекович Шоинбеков
Таърихи таваллуд 3 январ 1970(1970-01-03) (54 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Роштқалъа
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Осорхонаи таърихи - кишваршиносии ВМКБ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Зиндагинома

вироиш

Аловиддин Абдуллобекович Шоинбеков солҳои 1987-1992 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1992-1995 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №14, 1997-2000 аспиранти филиали Помиршиносии шаҳри Хоруғи Пажуҳишгоҳи Улуми Инсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1995-1997 ассистенти кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев кор кардааст. Аз моҳи соли 2007 то соли 2014 декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев буд. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ мебошад. Солҳои 1998-2005 директори Осорхонаи таърихи - кишваршиносии ВМКБ, 2005-2007 бозомӯзи Осорхонаи антропологӣ - этнографии (Кунсткамера МАЭ РАН) ш. Санкт- Петербург буд. Доир ба мавзӯъи анъанаҳои маросими дафн ва мотами исмоилиёни Помири Ғарбӣ дар охири XIX - ибтидои асри ХХ кори илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додаст. Муаллифи як чанд мақолаҳои илмӣ мебошад.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ