Донишгоҳи давлатии Хоруғ (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев) яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

(ДДХ ба номи М. Назаршоев)
Номи байналмилалӣ Khorugh State University
Соли таъсисёбӣ 1992
Навъ давлатӣ
Ректор Комилбек А.Ё.[1]
Ректор Мамадшо Илолов ва Шабозов Мирганд
Донишҷӯён 3400
Омӯзгорон 1200
Мавқеъ  Тоҷикистон: Хоруғ
Сайт khogu.tj

Маълумоти мухтасар

вироиш

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зодаи даврони истиқлол буда бо Қарори Девони Вазирони Ҷумурии Тоҷикистон №294 аз 5 августи соли 1992 таъсис дода шудааст. Барои хизматҳои шоён дар назди халқу миллат, Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси Қарори Шурои Вазирони Ҷумурии Тоҷикистон №495 аз 17 октябри 1994 ба номи фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат, ходими намоёни давлатӣ, олими маъруф, академик Моёншо Назаршоев номгузорӣ шудааст. Дар замони шуравӣ номгузориаш Донишкадаи давлатии педагогии Хоруғ буд. Мақоми донишгоҳ мактаби олии омӯзгорӣ буда, дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ №0000109, № 139 аз 25.12.2020 ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ Т-АД №0000373 аз 02.08.2021, №561 мебошад.Таърихи донишгоҳ(тоҷ.). khogu.tj/university-history-tj (2023). 24 августи 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 августи 2023.</ref>

Таърих

вироиш

Нахустин ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика-математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов буд, ки дар ташкилу поягузории он ва ҷалби кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ба донишгоҳи навтаъсис фаъолияти пурсамар намуд ва барои пешрафти минбаъдаи донишгоҳ шароити муайян ба вуҷуд овард. Дар солҳои минбаъда донишгоҳро узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шодравон Хаёлбек Додихудоев, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика-математика, профессор Мирганд Шабозов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Гулхоҷа Ҷангибеков, доктори илмҳои техникӣ, профессор Имомёрбек Қаландарбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон робарӣ намуда, дар рушду пешрафти донишгоҳ корҳои назаррасро анҷом доданд. Айни замон вазифаи ректори донишгоҳро дастпарвари ин боргоҳи илму ҳунар, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Комилбек Амид Ёрбек ба уҳда дорад. Донишгоҳ дар соли аввали фаъолият аз ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) таркиб ёфта, 200 нафар донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифта буд. Он замон дар донишгоҳ 25 омӯзгор, аз ҷумла 1 нафар доктори илм ва 6 номзади илм аз якуми октябри соли 1992 ба кор шурӯъ карда буданд.

Айни замон дар донишгоҳ 9 факултет, 21 кафедра амал менамоянд, ки дар онҳо 14 нафар доктори илм ва 61 нафар номзади илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Неруи кадрии донишгоҳ сол ба сол такмил ёфта, аз байни ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аъзои пайваста ва вобастаи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои Вавилов, ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф, ҷоизаи Исмоли Сомонӣ, дорандаи мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Донишгоҳро даҳҳо, ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла бо ихтисосҳои педагогӣ хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ на танҳо вилоят, балки дар дигар вилоятҳои дигари ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои байналхалқии дохилӣ ва хориҷи кишвар кор мекунанд.

Яке аз вазифаҳои муҳим вобаста ба талаботи замон ва стандартҳои ҷаҳонӣ тайёр намудани мутахассисони касбӣ мебошад. Донишгоҳ аз рӯи 58 ихтисос, аз он ҷумла, 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ мутахассисонро омода менамояд.

Ҳоло дар бахшҳои рӯзона ва ғоибона 3431 нафар (дар шуъбаи рӯзона 2242 нафар, ва 1090 нафар дар шуъбаи ғоибона) донишҷӯ таҳсил менамоянд, 129 нафар дар магистратура, 18 нафар дар зинаи докторантура PhD, тибқи Квотаи президентӣ 364 нафар донишҷӯ, ки аз онҳо 159 нафар духтарон мебошанд, таҳсил мекунанд. Имрӯз беш аз 200 нафар ҷавонони донишҷӯ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи кишвар дар донишгоҳ таҳсил мекунанд.[2]

Роҳбарият

вироиш

Факултаҳо

вироиш

Ректорони донишгоҳ

вироиш