Алокӯл — Алакул, кӯли шӯри баста дар шаҳри Ҷумҳурии Қазоқистон. Дар минтақаи нимбиёбон, дар баландии 343 м аз сатҳи баҳр, дар Хамии Балхашу алокӯл воқеъ аст. Масоҳаташ тақрибан 2200 км2, чуқуриаш то 45 м. Ба он дарёи Эмел мерезад. Алокӯл якҷоя бо кӯлҳои Уялӣ, Сассиқкӯл ва Ҷаланашкӯл системаи кӯлҳоеро ташкил медиҳад, ки ҳавзаашон то 55 ҳазор км2 мерасад. Моҳи январ ях баста, апрел об мешавад. Аз алокӯл ширмоҳӣ ва зағорамоҳӣ шикор мекунанд.

Сарчашма

вироиш