Аломатҳои китобат
Аломатҳои китобат — аломатҳои ист, пунктуатсионӣ, маҷмӯи васоити графикӣ, ишораҳо, аломатҳо, ки бар замми ҳарфҳо ба муназзамӣ, мантиқан дуруст будани сохтори забони хаттӣ, талаффузи солим, оҳанги гуфтор, хониши дурусти матн замина фароҳам меоваранд. Қоидаҳои корбурди Аломатҳои китобат мавзӯи омӯзиши яке аз соҳаҳои баёни хаттӣ пунктуатсия мебошад. Дуруст ва дар ҷойи худ ба кор бурдани ҳар як аломати китобатро нутқи хаттӣ тақозо менамояд.
Дар хати имрӯзаи забони тоҷикӣ, ки ба алифбои русӣ асос ёфтааст, даҳ аломати китобат – нуқта, вергул, аломати савол, аломати хитоб, дунуқта (баён), сенуқта, нуқтавергул, қавс, тире, нохунак маъмуланд. Онҳо ба забони тоҷикӣ солҳои 30 садаи XX (давраи оғози истифода аз алифбои лотинӣ) бо таъсири забони русӣ гузаштаанд.
Таърих
вироишДар хатҳои қадимие, ки дар забони тоҷикӣ маъмул буданд: хати мехӣ, хати паҳлавӣ (форси миёна), хати авестоӣ, хати арабӣ Аломатҳои китобат ба мафҳуму шакли маъмулии имрӯза вуҷуд надоштанд, аммо баъзе аломатҳое дар ин хатҳо ба назар мерасанд, ки нишонае аз Аломатҳои китобат мебошанд. Масалан, дар хати мехӣ пас аз якчанд калима, ки бо аломатҳои меҳмонанди ба шакли уфуқӣ сабтгардида як хати моили меҳмонанд оварда шудааст, ки он ҷудокунандаи гурӯҳи калимаҳо буд. Дар хати авестоӣ (дастнависҳо ва чопи интиқодии Авесто, ки дар охири садаи XIX Карл Гелднер ба табъ расонидааст) пас аз калимаҳо се нуқта (ду нуқта дар поён, як нуқта болои ин ду нуқта, дар мобайн ба шакли секунҷа) гузошта шудааст. Дар хати арабӣ Аломатҳои китобат ба шакле, ки имрӯз маъмуланд, вуҷуд надоштанд. Аломатҳои диакритикии болову поёнии ҳарфҳо забар, пеш, касра ва ғайра барои дуруст хондани матн таъйин гардида буданд. Дар Қуръон дар дохил ва пас аз ҳар оят аломате ба шакли барг ё ғунчаи гул гузошта мешавад, ки онро аломати вақф (вуқуф; ист) мегӯянд. Ин аломатро як нишонае аз аломати китобат шумурдан мумкин аст. Ин гуна аломат дар баъзе дастнависҳои девони ашъори шоирони гузашта, баёзҳо, ҷунгҳо пас аз мисраъҳо ва байтҳо ба назар мерасад.
Дар забони тоҷикӣ
вироишДар забоншиносии тоҷик Аломатҳои китобатро ба гурӯҳҳои гуногун – ҷудокунанда (тире, қавс, нохунак), фарқкунанда (нуқта, вергул, нуқтавергул, аломати савол, аломати хитоб, дунуқта, баён, сенуқта), Аломатҳои китобати маъмул дар охири ҷумла (нуқта, савол, хитоб, сенуқта, нуқтавергул), Аломатҳои китобати маъмул дар дохили ҷумла (вергул, дунуқтабаён, нохунак, тире) ва муштаракмавқеъ тақсимбандӣ карда мешаванд. Инчунин Аломатҳои китобат се ҷанба доранд: маъноӣ ё мантиқӣ, грамматикӣ ё наҳвӣ ва оҳангӣ. Вазифаи асосии ин се ҷанба ба тариқи хаттӣ дақиқ ифода кардани мақсад ва аз тарафи хонанда равшан дарк намудани муҳтавои асосии матлаби нигошташуда аст. Дар ҷумлаҳои хабарӣ (ҳикоят) нигоранда дар бораи ҳодиса ё воқеае хабар медиҳад, бинобар ин дар охири чунин ҷумлаҳо аломати нуқта, мегузоранд. Дар ҷумлаҳои саволӣ нигоранда бо мақсади донистани фикре ё равшан намудани ягон паҳлуи он матлабро ба тариқи пурсиш ифода мекунанд, аз ҳамин сабаб дар охири чунин ҷумлаҳо аломати савол гузошта мешавад. Дар охири ҷумлаҳое, ки хитоб, амр, фармонро ифода мекунанд, аломати хитоб мегузоранд. Ҷанбаи наҳвии Аломатҳои китобат дар он зоҳир мегардад, ки ҳиссаҳои ҷумлаи сода ё ҷумлаи мураккаб, ки аз ҷиҳати маъно ва муносибати грамматикӣ алоқаманданд, ба андозаи гуногуни ист аз ҳамдигар ҷудо карда мешаванд. Агар ин талаботи наҳвии ифодаи фикр риоя нашавад, аз матн фаҳмидани асли матлаб имконнопазир мегардад. Он ҳиссаҳои наҳвии ҷумла бо ёрии оҳанг ба фосила ҷудо ва бо мароми хоса талаффуз мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ҳусейнов Х., Шукурова К., Луғати терминҳои забоншиносӣ. - Д., 1983;
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ҷилдҳои 2, 3. - Д., 1986, 1989;
- Обидов У., Каримов Ш., Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ. - Д., 1992;
- Шокиров Т., Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ. - Д., 2010.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.