Аломатҳои ҷинсӣ — маҷмӯи аломатҳое, ки мансубияти ҷинсии организмро муайян месозанд.

Аломатҳои ҷинсӣ якумин, дуюмин (биологӣ) ва сеюмин (гендерӣ) мешаванд. Аломатҳои ҷинсии якумин ва дуюмин ирсӣ буда, сохтори онҳо ҳанӯз дар ҳуҷайратухми бордор ниҳода шудааст. Инкишофи баъдии аломатҳои ҷинсӣ бо иштироки гормонҳо рух медиҳад. Аломатҳои ҷинсии сеюмин тафовутҳои равонӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар назар доранд. Масалан, дар Шотландия либоси миллии мардҳо килт (юбка) аст, ҳол он ки дар дигар кишварҳо он як ҷузъи либоси занона мебошад.

Сарчашма

вироиш