Хоҷа Алоуддини Аттор (форсӣ: خواجه علاءالدین عطار‎; 1318, Бухоро26 март 1400, Бухоро) — ориф ва сӯфии форс-тоҷик, яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия, муриди Баҳоуддини Нақшбанд.

Алоуддини Аттор
араб. ар. الشيخ علاء الدين عطار بخاری الخوارزمي قدس الله سره
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 1318
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 март 1400
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом, суннӣ, тасаввуф ва нақшбандия
Самти фаъолият: тасаввуф ва нақшбандия
Устодон: Баҳоуддини Нақшбанд
Шогирдон: Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва Алӣ ибни Муҳаммади Ҷурҷонӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммад ибни Муҳаммад Алоуддини Бухорӣ аслан аз Хоразм мебошад. Падараш Хоҷа Муҳаммад соҳиби се фарзанд буд: Хоҷа Шиҳобуддин, Хоҷа Муборак ва Хоҷа Алоуддин. Хоҷа Алоуддин баъд аз вафоти падар ҳақи меросияшро ба бародаронаш гузошт. Шайх Муҳаммад барои таҳсили илм ва касби фазоили маънавӣ роҳии Бухоро шуд ва ба хидмат Баҳоуддини Нақшбанд расид ва дар силки муридони ӯ қарор гирифт, то онҷо, ки ёр ва мусоҳиб пири худ гашт ва баъд аз ӯ ҷонишини устод шуд ва симмати иршод ёфт[1].

Даргузашт

вироиш

Хоҷа Алоуддин Аттор 20 раҷаби соли 802 ҳиҷрӣ (1400 мелодӣ) шаби чоршанбе баъд аз намози хуфтан аз олам даргузашт. Қабри эшон дар шаҳри Данов, вилояти Сурхондарёи кишвари Узбакистон ҷойгир аст.

Адабиёт

вироиш