Мавлоно Яъқуби Чархӣ

Мавлоно Яъқуби Чархӣ (Яъқуб ибни Усмон ибни Маҳмуди Ғазнавӣ Чархии Сарразӣ[Тавзеҳ 1]; 1359, деҳаи Саррази деҳоти Чархи вилояти Ғазнин — 1447, деҳкадаи Ҳалғату, мулки Ҳисор) — ориф, шоир, яке аз бузургтарин намояндагони тариқати тасаввуфии нақшбандия, муриду халифа ва аз асҳоби кибори саромади силсила — Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд.

Мавлоно Яъқуби Чархӣ
форсӣ: مولانا یعقوب چرخی
сурат
18-умин шайхи тариқати нақшбандия
 1400 — 1447
Пешгузашта: Алоуддини Аттор
Ҷонишин: Убайдуллоҳи Шошӣ

Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Яъқуб ибни Усмон ибни Маҳмуд ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Чархӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 1359
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 22 апрел 1447
Маҳалли даргузашт: деҳкадаи Ҳалғату, мулки Ҳисор, Мовароуннаҳр
Эътиқод: ислом, суннӣ, тасаввуф ва нақшбандия
Падар: Усмон ибни Маҳмуд
Самти фаъолият: тасаввуф ва нақшбандия
Устодон: Алоуддини Аттор
Шогирдон: Хоҷа Аҳрори Валӣ
Нуфуз: нақшбандия
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Яъқуби Чархӣ, аз маълумоти овардаи худи муаллиф ва тазкираҳои «Нафаҳот»-у «Рашаҳот» маълум мегардад, ки эшонро лақаб Мавлоно, ном Яъқуб, номи падар Усмон, нисбат Ғазнавии Чархии Сарразӣ буда, дар деҳаи Саррази деҳоти Чархи вилояти Ғазнин (вилояти Лугари Афғонистони имрӯз) ба дунё омадааст. Таърихи таваллуди Яъқуби Чархӣ маълум нест, ҳарчанд баъзеҳо онро соли 763 ҳиҷрии қамарӣ (1361 милодӣ) зикр кардаанд[1][2].

Омӯзиш ва таҳсили илм

вироиш

Яъқуби Чархӣ таҳсили ибтидоии диниро дар зодгоҳаш, дар хонаводаи хеш, назди падараш гирифтааст[1][3]. Тавре аз як нақли Мавлоно Яъқуби Чархӣ бармеояд, ӯ барои идомаи таҳсил аз зодгоҳаш ба Ҳирот — пойтахти давлати Темуриён меравад. Шаҳри Ҳирот он вақт маркази сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат буд, аз як ишораи Мавлоно Яъқуб ҳамин қадар маълум мегардад, ки ӯ чанд гоҳ дар Ҳирот будааст ва дар хонақоҳи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, воқеъ дар бозори Малик, зиста ва асосан дар ҳамон ҷо таом мехӯрдааст, ба қавли худаш: «ба сабаби он ки дар шаритаи он тавсиате ҳаст ва дар асли вақф низ эҳтиёт намудаанд»[4].

Мавлоно Яъқуб барои идомаи таҳсил соли 1380 милодӣ ба Бухоро — гаҳвораи тамаддун ва фарҳанги миллии тоҷикон меояд ва ба омӯзиши улуми динӣ мепардозад[5]. Баъди ба пуррагӣ фаро гирифтани давраи таҳсилоти динӣ оҳанги бозгашт аз роҳи Балх ба ватан мекунад[6][Тавзеҳ 2]. Иҷозати фатво, тавре ки маълум аст, танҳо пас аз хатми давраи пурраи таҳсилот ва фаро гирифтани тамоми улуми динии замон дода мешуд. Пас, аз ин қавли Мавлоно Яъқуб маълум мегардад, ки ӯ то қадам ниҳодан дар тариқат аз шариат огоҳии комил дошта, олими мутабаҳҳир дар улуми шаръӣ гашта будааст.

Аз як ишораи Ҳоҷа Аҳрор баъзе муҳаққиқон чунин бардошт кардаанд, ки Мавлоно Яъқуби Чархӣ барои таҳсили илм ба Миср низ сафар карда будааст[4]. Ишораи мазкур дар «Нафаҳот» чунин сабт шудааст: «Хидмати Ҳоҷа Убайдуллоҳ фармуданд, ки хидмати Мавлоно Яъқуб бо Шайх Зайнуддини Хофӣ (раҳ) пеши Мавлоно Шиҳобуддини Сайрофӣ (раҳ) ҳамсабақ будаанд»[7]. Худи Мавлоно Яъқуб дар ягон ҷойи осори дар дастрасии мо қарордошта аз сафараш ба Миср ёдовар нашудааст. Танҳо дар «Тафсир» ду бор якбайтӣ аз бузургтарин сарояндаи шеъри сӯфиёна дар адабиёти араб Ибни Фориз (1181—1235 милодӣ) овардааст. Орифи мазкур, тавре маълум аст, дар Миср зистааст. Шайхи маъруф Зайнуддини Хофӣ (фавт 1436) шарикдарси ӯст.

Қабл аз бозгашт ба ватан бо хоҷа Баҳоуддин ҳамсуҳбат шуда, ба ҳалқаи муридони ӯ пайваст. Хоҷаи Нақшбанд пеш аз вафот бо мақсади таълиму тарбияи минбаъда Мавлоно Яъқуби Чархиро ба назди халифаи хеш Алоуддини Аттор равон кард. Мавлоно Яъқуби Чархӣ то дами вафоти Алоуддини Аттор дар назди ӯ дар Чағониён монд ва сипас ба мулки Ҳисор омада, дар деҳкадаи Ҳалғату (воқеъ дар қисмати ғарбии Душанбе) маскан ихтиёр кард. Дар ин ҷо то охири умр тибқи дастури пири худ ба кишоварзӣ, таълими шогирдон, тарбияи муридон ва тарғиби таълимоти тариқати нақшбандия машғул гашт. Хоҷа Баҳоуддин ба Мавлоно Яъқуби Чархӣ фармуда буд: «Он чи аз мо ба ту расидааст, ба бандагони Худо бирасон, то сабаби саодат бошад».

Мавлоно Яъқуби Чархӣ муршиди намояндаи маъруфи тариқати нақшбандия Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор мебошад. Хоҷа Аҳрор ба қасди дасти иродат додан ба Мавлоно Яъқуби Чархӣ аз Самарқанд ба Ҳалғату омадааст.

Поси хотир

вироиш
 
Масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ

Пас аз вафоти Мавлоно Яъқуби Чархӣ деҳкада ба поси хотири ӯ «Ҳазрати Мавлоно» ном гирифт.

Оромгоҳи Мавлоно Яъқуби Чархӣ ба мазор табдил ёфт. Иморатҳои сари мазорро соли 1703 лашкари Бухоро хароб кард. Баъдан мазор аз нав сохта шуд ва дар шафати он масҷиди ҷомеъ бунёд гардид. Дар канори деҳаи Пингроми Афғонистон, 2 км дуртар аз зодгоҳи Мавлоно Яъқуби Чархӣ — деҳаи Чарх, мардуми маҳаллӣ мазор бунёд кардааст, ки он оромгоҳи падари Мавлоно Яъқуби Чархӣ аст.

Дар «Рашаҳот» танҳо ба мусаннафоти сершумор доштани Мавлоно Чархӣ ишорае рафта, вале аз онҳо ном бурда нашудааст. Муҳаққиқон теъдоди гуногуни осори Мавлоно Яъқуби Чархиро аз 2 то 10 номгӯй зикр кардаанд: Ҳ. К. Йилмаз — 2, Халилуллоҳи Халилӣ — 3, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев — 5, М. Ҷ. Шамс — 7, М. Н. Ронҷҳо — 8, Ҳамза Камол — 10 номгӯй. Дар дастрасии мо 8 номгӯй китобу рисолаҳои зерини Яъқуби Чархӣ қарор дорад[8]:

  1. «Тафсири Яъқуби Чархӣ».
  2. «Найнома» ё рисолаи «Ноия».
  3. Рисолаи «Абдолия».
  4. Рисолаи «Унсия».
  5. Рисолаи «Шарҳи асмоулҳусно».
  6. Рисолаи «Ҳавроия» ё «Ҷамолия».
  7. «Китобулфароиз».
  8. «Тариқаи хатми аҳзоб».

Нигаред низ

вироиш

Тавзеҳот

вироиш
  1. Ӯ дар оғози чандин асараш ному нисбати худро тақрибан як хел зикр кардааст: Дар «Тафсир» ба забони арабӣ: «Яъқуб ибн Усмон ибн ал-Маҳмуд ал-Ғазнавӣ ал-Чархӣ сумма ас- Сарразӣ»; дар оғози рисолаҳои «Найнома»: «Яъқуб ибн Усмон ибн Маҳмуд ибн Муҳаммад ал-Ғазнавӣ сумма ал-Чархӣ сумма ас- Сарразӣ»; «Абдолия»: «Яъқуб ибн Усмон ибн Маҳмуд ибн Муҳаммад ибн Маҳмуд ал-Ғазнавӣ сумма ал-Чархӣ сумма ас- Сарразӣ»; дар «Унсия»: «Яъқуб ибн Усмон ибн Маҳмуд ал-Ғазнавӣ сумма ал-Чархӣ»; дар «Ҳуроия»: «Яъқуб ибн Усмон ал-Ғазнавӣ сумма ал-Чархӣ»; дар «Шарҳи асмоулҳусно»: «Яъқуб ибн Усмон ибн Маҳмуд ибн Муҳаммад ал-Ғазнавӣ сумма ас-Сарразӣ».
  2. Дар ин бора муаллифи «Рашаҳот» аз забони Мавлоно Яъқуб чунин меорад: «Ва баъд аз он ки аз акобир ва уламои Бухоро иҷозати фатво гирифтам, азимати он кардам, ки ба ватани аслӣ муроҷаъат намоям».
  1. 1.0 1.1 شمس, محمد جواد. يعقوب جرخى. احوال و آثار. دوشنبه, انتشارات بيوند, 2009. ص ٣٤
  2. Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Китобулфароиз. Д.: Адиб, 2011. Саҳ. 4.
  3. Муҳаммадхоҷаев А. Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор. Саҳ. 69
  4. 4.0 4.1 «Найнома». Саҳ. 17.
  5. «Тафсир». Саҳ. 171.
  6. Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш. Д.: Империал Групп, 2004. Саҳ. 302
  7. «Тафсир». Саҳ. 466.
  8. Маҳмадуллоев С. Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Зиндагӣ, осор ва афкор. — Д.: «Дониш», 2013. — С. 40. — 272 с.

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш