Алоуддин Муҳаммад ибни Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Табрезӣ (форсӣ: علاءالدین محمد بن شمس‌الدین محمد حافظ تبریزی‎), мулаққаб ба Мулло Алобек ё Алоуддини Табрезӣ (форсӣ: علاءالدین تبریزی‎; тақрибан 1523[1], Табрезтақрибан 1601[1]) — хушнависи форс-тоҷик ва аз устодони хутути шашгона бавижа дар хатҳои сулс, насх ва рақоъ.

Алоуддини Табрезӣ
Таърихи таваллуд: тақрибан 1523[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 1601[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Забони осор: форсӣ ва арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ӯ шогирдони номдори ба монанди Абдулбоқии Табрезӣ ва Алиризои Табрезии Аббосиро тарбият кардааст. Аз осори ӯ катибаҳое дар иморатҳои мухталифи шаҳри Табрез буда, ки ғолибан дар асари гузашти замон аз байн рафтаанд.

Алобек шогирди Шамсуддин Муҳаммади Табрезӣ, нависандаи фармони шоҳ Таҳмосб аст ва Абдулбоқии Табрезӣ, ки баъзе аз катибаҳои Масҷиди Имом (Масҷиди Шоҳ ё Масҷиди Султонӣ)-и Исфаҳонро ба амри шоҳ Аббос навиштааст, аз шогирдони ӯ будааст.

Осори торихдори Алоуддини Табрезӣ аз соли 963 то 1001 ҳиҷрии қамарӣ дида шуда ва ӯ дастикам то ин сол мезистааст.

Адабиёт

вироиш
  • به‌کوشش: یساولی، جواد. پیدایش و سیر تحول هنر خط. انتشارت یساولی، چاپ دوم ۱۳۶۰ش. ص ۸۱و۸۰
  • فضایلی، حبیب‌الله. اطلس خط. انتشارات مشعل اصفهان. چاپ دوم، اصفهان۱۳۶۲ش. ص ۲۰۷ و ۳۴۷ و ۳۴۸