Алоуддин Муҳаммади Ғурӣ

Алоуддин Муҳаммади Ғурӣ (форсӣ: علاء الدین دراست‎; Вилояти Ғурасри XIII, Хоразм) — хирин султони хонадони Ғуриён (1214—1215), вориси Алоуддин Отсизи Ғурӣ.

Алоуддин Муҳаммади Ғурӣ
1214 — 1215
Таваллуд
Даргузашт асри XIII
Дудмон Ғуриён

Зиндагинома

вироиш

Писари Шуҷоуддин Алӣ. Ду дафъа ба тахти подшоҳӣ нишастааст. Бори аввал дар соли 1202 аз ҷониби Муизуддин Муҳаммади Сом ба салтанат расид ва баъд аз кушта шудани Муҳаммад (1205) зиндонӣ гардид. Соли 1214 баъд аз марги Алоуддин Отсиз дубора ба тахти подшоҳӣ нишаст. Соли 1215 ӯ пойтахти давлати Ғуриён — шаҳри Фирӯзкӯҳро ба гумоштагони Муҳаммади Хоразмшоҳ таслим кард. Алоуддин Муҳаммади Ғуриро ба пойтахти давлати Хоразмшоҳиён шаҳри Гурганҷ бурданд ва дар соли 1219 вафот кард. Бо ҳамин силсилаи Ғуриён аз байн рафт.

Адабиёт

вироиш