Ал-Ваҷизу фӣ-л-фурӯъ
«ал-Ваҷизу фӣ-л-фурӯъ» (ар. الوجيز فی الفروع), «ал-Ваҷиз» — яке аз китобҳои муътабар ва асосӣ дар фиқҳи шофеӣ буда, ба қавли имом Нававӣ яке аз панҷ китоби дар мазҳаби шофеӣ машҳур ва аз ҳама беш мутолаашаванда мебошад; таълифи Муҳаммади Ғаззолӣ.
Китоб ба забони арабӣ таълиф шуда, фуқаҳои шофеӣ дар замонҳои гуногун бар он шарҳҳои зиёде навиштаанд, ки адади онҳо ба қавли фақеҳи шофеӣ ас-Силфонӣ ба ҳафтод мерасидааст. Ҳамчунин чанд шакли мухтасари он низ мавҷуд будааст. Имом Абдулазиз ибни Аҳмади Дайрӣ (фавт 1295 м.) ва Мусо ибни Алии Розӣ (фавт 1330 м.) матни «ал-Ваҷиз»-ро ба назм даровардаанд. Мақому манзалати «Ваҷиз» дар назди шофеиҳо ба андозае баланд будааст, ки баъзеҳо гуфтаанд: «Агар Ғаззолӣ пайғамбар мебуд, ба таҳқиқ, муъҷизаи ӯ ҳамин китоби „Ваҷиз“ мебуд».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- ал-Ваҷизу фӣ-л-фурӯъ / С. Шаҳобуддинов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.