Ал-Итқон фӣ улуми-л-Қуръон

«ал-Итқон фӣ улуми-л-Қуръон» (ар. الإتقان في علوم القرآن‎) — яке аз муҳимтарин ва ҷомеътарин таълифоти Суютӣ дар улуми қуръонӣ.

Ал-Итқон фӣ улуми-л-Қуръон

Муаллиф: Ҷалолуддини Суютӣ

«ал-Итқон…» ба забони арабӣ навишта шуда, аз 80 фасл иборат аст. Муаллиф дар тадвини он аз 154 манбаъ баҳра гирифтааст. «ал-Итқон…» фарогири масъалаҳои шинохти оёти маккӣ ва маданӣ, гирдоварӣ ва тадвини Қуръон, ҳуруф, калимаҳо, шаъни нузули оёт, маҳалли нузул, китобат, эъҷози Қуръон, навъҳои қироат, одоби омӯзиш ва ҳифзи Қуръон, шинохти муҳкаму муташобеҳ, муқаддаму муаххар, омму хос, носиху мансух, ҳақиқату маҷози Қуръон, илми тафсир, муфассирони Қуръон ва мавзӯъҳои мухталифи дигар аст.

Шеваи таснифи Суютӣ дар «ал-Итқон…» чунин аст, ки ӯ аввал унвони мавзӯеро оварда, машҳуртарин касонеро, ки дар он китоб таълиф кардаанд, ном мебарад, фоидаи донистани он мавзӯъ ва аҳаммияту нақши онро дар шинохту тафсири маъноҳои Қуръон баён мекунад. Сипас, масъалаҳо, фурӯъ ва нукоти онҳоро бозгӯ карда, дар баёни тамоми ин матлабҳо аз Қуръону ҳадис ё ақволи донишмандони фан далел меоварад. Гоҳе бахшҳои фарогири он мавзӯъро аз китобҳо ба таври комил ё хулоса оварда, дар мавридҳои бисёре дар поёни фасл раъйи худро низ нигоштааст.

Аз беҳтарин имтиёзоти «ал-Итқон…» ин аст, ки Суютӣ дар он бисёр маъхазу матнҳо ва навиштаҳоеро оварда, ки асли онҳо ба дасти мо нарасидааст. «ал-Итқон…» аз ҳамон рӯзгори навишта шуданаш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар тадвину нигоришҳои улуми қуръонӣ пас аз асри 10 хеле муассир будааст. «ал-Итқон…» нахустин бор соли 1854 дар Ҳинд, сипас соли 1862 дар Миср ва минбаъд борҳо дар Лубнон, ҶИЭ ва Арабистони Саудӣ ба чоп расидааст.

Адабиёт

вироиш
  • سیوطي جلال الدین. الإتقان في علوم القرآن. القاهره، ١٣١٧ ه.؛
  • الاتقان فی علوم القرآن (ترجمۀ فارسی).جلدهای ٢‒١. تهران، ١٣٨٢ ش