Унсури холии Викидода

«Ал-фавз-ул-асғар» (ар. الفوز الأصغر‎) — асари Ибни Мискавейҳ роҷеъ ба фалсафа.

Муаарифӣ

вироиш

Он дар бораи пайдо шудани маротиби вуҷуд аз холиқ (сонеъ), масъалаҳои нафс ва нубувват баҳс мекунад. Ба забони арабӣ навишта шудааст. Асар аз се масъалаи асосӣ ва ҳар масъала аз 10 фасл иборат аст. Масъалаи якум «Дар исботи сонеъ» ном дошта, муаллиф дар он ақидаҳои олимонро дар ин соҳа овардааст ва муҳаррики аввал будани Офаридгорро шарҳу тафсир додааст. Масъалаи дуюм доир ба «Нафс ва аҳволи он» мебошад.

Ибни Мискавейҳ ақидаи ҳукаморо роҷеъ ба пайдоиши нафс ва инкишофи он оварда, камолоти нафсонӣ ва ба мабдаи худ муроҷиат намудани онро нишон додааст. Масъалаи сеюми «Ал-фавз-ул-асғар» «Дар баёни нубувват» буда, дар он муаллиф робитаи олами сағиру олами кабир, кайфияти хавоси панҷгона, чигунагии ваҳй ва алоқаи он ба нубувват, фарқи набӣ аз мутанаббӣ ва амсоли инҳоро тадқиқ намудааст. Зимни таҳлили масъалаҳои ёдшуда Ибни Мискавейҳ дар «Ал-фавз-ул-асғар» ҳолати аҷсоми табиӣ ва таносуби моддаю суратро ҳамчун чизи ҳодисшуда таҳлил мекунад. Масалан, ӯ муътақид аст, ки сурат дар таҳлили ақлӣ дар ҳаюло ориз мешавад ва ҳар чӣ ориз бошад, вай дар айни замон ҳодис аст. Роҷеъ ба ҳаюло муаллиф таъкид мекунад, ки он танҳо дар таҳлили ақлӣ (тааққул) аз сурат орӣ буда, дар марҳалаи вуҷуди хориҷӣ ҳаргиз аз сурат ҷудо нест. Вобаста ба ҳамин масъала Ибни Мискавейҳ роҳҳои пайдоиши тахайюлу тааққул дар ҷараёни маърифатро нишон медиҳад. Таҳлили бис ёр масъалаҳои ҳастию маърифат дар «Ал-фавз-ул-асғар» таъсири афкори атиқаи юнониро дар эҷодиёти Ибни Мискавейҳ нишон медиҳад. Аз ин рӯ, «Ал-фавз-ул-асғар» дар муайян кардани афкори фалсафии мутафаккир нақши муайяне дорад.

Сарчашма

вироиш