Ал-Қонун
«Алқонун фи-т-тиб» (ар. الْقَانُون فِي الطِّبّ), «Қонуни тиб», «Қонун дар тиб» (форсӣ: قانون در طب) — асари Ибни Сино ва яке аз донишномаҳои бузургтарин дар илми пизишкӣ мебошад. Бузуртарин донишномаи ҷаҳон, «Ал-қонун» дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XX барои таълими пизишкон истифода бурда шудааст.
Унвони мақола | ар. الْقَانُون فِي الطِّبّ |
---|---|
Кори истеҳсолӣ | тибби юнонӣ[d] |
Жанр | рисола[d] ва китоби ғайридостонӣ[d] |
Нависанда | Абӯалӣ Сино |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | арабӣ |
Таърихи интишор | 1025[1] |
Ҳаққи таксир | 🅮[d] ва 🅮[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
«Ал-қонун» соли 1473 дар Милан, ҳамон сол дар олам 15 маротиба, соли 1593 матни арабиаш дар Рим, садаи XV дар шаҳрҳои гуногуни олам 16 маротиба, садаи XVI 20 маротиба ба забони бисёр халқҳо интишор гардидааст.
«Ал-қонун» аз панҷ китоб иборат аст:
- Китоби якум — ба фанни тиб, вазифаҳои он, сабаби ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ бахшида шудааст.
- Китоби дуввум — ба олами набототи шифобахш бахшида шуда, дар он 810 намуди дорувориҳо, хусусият ва тарзи истифода бурдани онҳо сухан меравад.
- Китоби севвум — оид дар баъзеи аъзои организми одам пайдо шудани касалиҳо, муайян кардан ва табобати ин касалиҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.
- Китоби чаҳорум — дар хусуси касалиҳои умумӣ, таб, шуш, табобати ин ҷароҳот ва ғайра ривоят мекунад.
- Китоби панҷӯм — дар хусуси тайёр кардани доруҳои мураккаб маълумот медиҳад.
Донистаниҳо
вироишТарҷумаи форсиӣ «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ Сино дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Дастхати «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ Сино
Эзоҳ
вироиш- ↑ Finger S. Origins of Neuroscience: A History of Explorations Into Brain Function — 1994.
Адабиёт
вироиш- Ал-Қонун // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.