«Ал-ҳовӣ» — асари Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар боби тиб.

Ал-ҳовӣ
Нависанда Закариёи Розӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар забони сурёнӣ[1]

Муаарифь

вироиш

Розӣ дар асар ҳамаи бемориҳоеро, ки мушоҳида ва табобат кардааст, зикр менамояд. Бино ба маълумоти Абурайҳони Берунӣ «Ал-ҳовӣ» аз 13 фасл иборат аст: беморӣ ва муолиҷаи беморон, ҳифзи сиҳат; бахия (чоки захм), шикастабандӣ ва захмҳо; нерӯи доруҳо, ғизо ва дигар моддаҳо, ки дар тиб истифода мешаванд; доруҳои мураккаб, санъати тиб, дорусозӣ, рангу таъм ва бӯи доруҳо; навъи баданҳо, вазнҳо ва кайлҳо (ченакҳо); шарҳу вазифаҳои аъзо; иллат ва сабабҳои табиии санъати тиб; нахустин истилоҳоти тиббӣ ва муқаддимаи тиб.

Муаллиф барои таҳияи китоби мазкур 15 соли умри худро сарф кардааст. Китоб аз 30 муҷаллад иборат мебошад. Ошноӣ бо муҳтавои «Ал-ҳовӣ» шаҳодат медиҳад, ки Розӣ аз таълифоти Дисқуридус, Буқрот, Ҷолинус ва дигар табибони юнонӣ, румӣ, ҳиндӣ, арабӣ хуб огоҳӣ доштааст. «Ал-ҳовӣ» қомуси ҳақиқии тиббӣ буда, қариб ҳамаи масъалаҳои тибби амалӣ ва назариявии ҳамон даврро дар бар мегирад. Абуалӣ ибни Сино ба ин асари Розӣ шинос буд ва дар китоби худ «Аш-Шифо» иқтибосҳои сершумор карданаш далели ин мебошад. Ба қавли муаррихон Шайхурраис зимни шурӯъ кардан ба омӯзиши тиб дар навбати аввал ба «Ал-ҳовӣ» шинос шудааст. «Ал-ҳовӣ» аввал соли 1486 ва минбаъд солҳои 1509, 1542 бо номи «Continens Rasis» дар Италия ба лотинӣ тарҷума шудааст. Дастхатҳои он бо номи «Ал-Ҷомеъ-ул-ҳозир ли синоати-т-тиб» ва «Ал-Ҷомеъ-ул-кабир» дар китобхона-музейи Италия, китобхонаҳои Мюнхен, Оксфорд, Кембриҷ, дар Испания, Истанбул, Ромпур, Мадрас ва ғайра маҳфузанд.

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Сарчашма

вироиш