Амали санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
Амали санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ - вақти амали санад, худуди амалн он ва ашхоси тобеи танзимн хукуқиро дар назар дорад. Санадҳои меъёрн-ҳукуқӣ аз рӯзи қабул ё аз рӯзи нашр ва ё аз рӯзе, ки дар худи санад нишон дода шудааст, мавриди амал қарор мегиранд. Қонунҳо танҳо пас аз интишори расмии онҳо амал мекунанд. Санадҳои меъёрии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ амал мекунанд. Ҳудуди Тоҷикистон аз ҳудуди хушкӣ, обӣ ва ҳавоии он иборат аст. Худуди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа, дохили ҳавопаӣмоҳои Тоҷикистон, ки берун аз Тоҷикисгон қарор доранд, низ ҳудуди Тоҷикистон ҳисоб мсшаванд. Санадҳои мсъёрии ҳуқукӣ, чун қоида, ба ҳамаи шахсоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, паҳн мешаванд. Санадҳое низ мавҷуданд, ки ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсон бахшида шуда, вазъи ҳуқуқии онҳоро муқаррар менамоянд (марбут ба хизматчиёни ҳарбӣ, маъюбон, ҷавонон, нафақахӯрон ва мисли инҳо).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.40