Хуҷамард

(Тағйири масир аз Ҷавонон)

Хуҷамард (то 19 июни 2024 — Ҷавонон[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 1428 нафар (2010), тоҷикон. Аз 184 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа бунгоҳи тиббӣ, мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, 7 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[2]

Деҳаи Хуҷамард
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Ҷавонон
Аҳолӣ 1428 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 184

Пайвандҳо

вироиш
  1. ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН » Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон(рус.). Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16 июли 2024 санҷида шуд.
  2. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.